Пайвандҳои дастрасӣ

Покистон волидони мухолифи эмкуниро ҷазо медиҳад


Дар шаҳри Пешовари Покистон волидоне, ки монеъи ваксинзанӣ алайҳи бемории фалаҷи атфол мешаванд, ҷазо хоҳанд гирифт. Ба гузориши бахши покистонии Радиои Озодӣ, дар ин шаҳр баъзе аз хонаводаҳо, ваксинзаниро мухолифи фармудаҳои ислом медонанд ва намегузоранд, ба бачаҳояшон ваксин бидиҳанд. Мақомоти беҳдоштии Покистон ва қабиласолорон тавофуқ кардаанд, то дар сурати мамониат ба ваксин гирифтани фарзандон, волидони онҳо боздошт карда шавад. Дар Покистон, фалаҷи атфол зиёд мушоҳида мешавад ва ваксинзанӣ алайҳи ин беморӣ дар ҳафт ноҳияи қабоилнишини он идома дорад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG