Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имзои санади ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва DRK


Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон бо Шӯрои паноҳандагони Дания (Danish Refugee Counsil) дар мавриди кӯмак ба 6 ҳазор паноҳанда ва паноҳҷӯ дар Тоҷикистон як ёддошти ҳусни тафоҳум имзо кардааcт. Бар асоси ин санад, ки рӯзи 8 сентябр имзо шудааст, ин созмони имдодӣ барои тақвияти тавоноии давлати Тоҷикистон дар қабули паноҳандагону паноҳҷӯён мусоидат хоҳад кард. Дар баёнияи расмии Шӯрои паноҳандагони Дания омадааст, ин созмон ба давлати Тоҷикистон дар амри ҳамоиш, кӯмакҳои иҷтимоӣ ба паноҳандагон ва қабули онҳо бар асоси меъёрҳои байналмилалӣ ва дохилӣ кӯмак хоҳад кард. Риксана Расмуссен, раҳбари намояндагии Шӯрои паноҳҷӯёни Дания дар Осиёи Марказӣ гуфтааст, аксарияти паноҳандагону паноҳҷӯён дар Тоҷикистон афғонҳо ҳастанд ва бо назардошти авзоъи амниятӣ шояд вуруди онҳо ба Тоҷикистон бештар шавад. Аз ин рӯ ба гуфтаи ӯ, “дар як минтақаи ноором доштани қудрати пазириши паноҳҷӯву паноҳандагон ҳаётан муҳим аст.” Бар асоси барномаи яксолаи ҳамкорӣ, қарор аст, дар Тоҷикистон як Маркази муваққатии иқомати паноҳҷӯён таъсис дода шавад.
XS
SM
MD
LG