Пайвандҳои дастрасӣ

СММ мегӯяд, дар Сурия 2600 нафар кушта шудаанд


Навӣ Пиллай, масъули ҳуқуқи башари Созмони Милал имрӯз гуфт, аз замони оғози тазоҳуроти зиддидавлатӣ дар Сурия аз моҳи март то кунун, 2600 нафар кушта шудаанд. Навӣ Пиллай омори мазкурро дар нишасти Шӯрои ҳуқуқи инсони Созмони Милал эълом кард ва гуфт, ин омор бо такя “ба манобеъи мӯътамад дар Сурия” ба даст омадааст. Пештар мақомоти созмон мегуфтанд, дар Сурия 2200 нафар кушта шудаанд. Ҳамчунин имрӯз як дастёри наздики Башшор Асад, раиси ҷумҳури Сурия гуфт, дар нооромиҳои кишвар 1400, аз ҷумла 700 фаъоли мухолифин ва 700 маъмури пулис кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG