Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Намакоби болои сӯхта: бензини гаронқимат ва "камчин"


Ахиран дар сӯхтфурӯшиҳои Душанбе бензини навъи 92 ва 95 камчин шуда, ин ҳолат ба нархи маводи сӯхт низ таъсир кардааст.

Дар сӯхтфурӯшиҳои пойтахти Тоҷикистон як литри бензин вобаста ба навъаш аз 6 сомониву 50 дирам то 6 сомониву 80 сомонӣ фурӯхта мешавад.

ОЁ БЕНЗИН АЗ ИН ҲАМ ҚИМАТТАР МЕШАВАД?

Вале ду ронандаи таксӣ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, онҳое, ки хоҳиш ё фурсати истодан дар навбатҳои тӯлонии сӯхтфурӯшиҳоро надоранд, маҷбуранд бензинро аз фурӯшандаҳои сатилбадасти сари роҳ бо нархи ҳатто 7 сомонӣ бихаранд.

лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:09 0:00
Линки мустақим


Аммо Зиёвуддин, мудири яке аз сӯхтфурӯшиҳои Душанбе дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, маводи сӯхт ба далели кам шудани воридоти бензини ҳомили мизони баланди октан аз Русия тавассути ширкати «Газпронефт-Тоҷикистон» - камчин шудааст.

Оқои Зиёвуддин гуфт, дар амборҳои ин ширкат, ки умдатарин воридкунандаи маводи сӯхт ба бозори Тоҷикистон маҳсуб мешавад, асосан бензини камоктани навъи 80 боқӣ мондааст ва баъид нест, бо тамом шудани захираи бензини навъи 92 ва 95 дар амборҳои «Газпромнефт-Тоҷикистон», нархи бензин дар бозор боз ҳам биафзояд:

лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:56 0:00
Линки мустақим


"ГАЗПРОМНЕФТ" БЕНЗИН НАДОРАД?

Султонмурод Бердиев, мутахассиси пешбари бахши равобити байналмилалии Ожонси сиёсати зиддиинҳисории ҳукумати Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, Русия феълан содироти бензини миқдори октанаш зиёд, аз ҷумла АИ95-ро манъ кардааст, ки акнун боиси камчин шудани он дар бозор шуд.

Ба қавли масъулони "Газпромнефт-Тоҷикистон" дар моҳи август беш аз 6000 тонна бензини навъи АИ-92 ва АИ-95 ворид шуд буд, вале он танҳо барои моҳи август басанда буд.

Сухангӯи "Газпромефт-Тоҷикистон" Эраҷ Басиров низ дар сӯҳбат бо "Азия Плюс" камчин шудани бензини миқдори октанаш зиёдро таъйид карда гуфтааст, дар сӯхтфурӯшиҳои ин ширкат аз 5 сентябр фурӯши беш аз 20 литр бензин ба як даст манъ шудааст. Ба гуфтаи ӯ, захираи бензини боқимонда фақат то 2 ило 3 рӯзи дигар мерасад ва ширкат аз 13 сентябр фурӯши бензини АИ92-ро то 18 ё 20 сентябр, яъне то расидани бори нав, қатъ хоҳад кард. Тайи ин муддат «Газпромнефт-Тоҷикистон» фақат бензини навъи АИ 80-ро хоҳад фурӯхт.


РУСИЯ-ТАЪМИНКУНАНДАИ МАВОДИ СӮХТИ ТОҶИКИСТОН

Нархи маводи сӯхт дар бозори Тоҷикистон аз 1 апрел, дар пайи якбора 44 дарсад боло рафтани боҷу хироҷе, ки Русия болои содироти маводди нафтиаш ба Тоҷикистон эъмол кард, ба парвоз даромад.

Дар ин 5 моҳи гузашта Маскав ҳаҷми ин боҷро каме пойин овард, вале аз 1 сентябр ба муҷарради оғози мавсими ғунучини ҳосил, дигарбора то 399,7 доллар барои содироти ҳар тоннаи бензин боло бурд.

Тоҷикистон ҳамсола барои таъмини эҳтиёҷоташ то ним миллион тонна маводи сӯхт ворид мекунад. Таъминкунандаи асосии бозори маводи сӯхти Тоҷикистон Русия маҳсуб шуда, бино ба оморҳо, то 90 дарсади ин бозорро дар назорат дорад. «Газпромнефт-Тоҷикистон» назорати 42 дарсади ин бозорро дар ихтиёри худ дароварда, дар ҳоли ҳозир бузургтарин воридкунандаи маводи сӯхт ба Тоҷикистон дониста мешавад.

ДАР ҶУСТУҶӮИ АЛТЕРНАТИВА

Эъмоли боҷу хироҷи гумрукӣ боис шуд, ки воридоти маводи нафтӣ ба Тоҷикистон дар нимаи аввали соли равон 11 дарсад коҳиш биёбад.

Тоҷикистон феълан роҳҳои алтернативии таъмини бозори маводи сӯхташро низ ҷустуҷӯ дошта, дар ин роҳ бештар ба Туркманистону Эрон меандешад.

Вале Душанбе дар ин талошҳо барои коҳиши вобастагиаш аз воридоти маводи нафтии Русия ба муваффақияти чандоне даст наёфтааст.

Душанбе умедвор буд, ки дар ҷараёни боздиди раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев дар авоили моҳи сентябр масъалаи лағви боҷи содиротии маводи нафтии он кишвар ҳал хоҳад шуд, вале ваъдаи мушаххасе дар ин мавзӯъ нагирифт. Ин дар ҳолест, ки Русия маводи нафтиашро ба Қирғизистони ҳамсояи Тоҷикистон бидуни чунин боҷ мефурӯшад.
XS
SM
MD
LG