Пайвандҳои дастрасӣ

Ду бозии даври 17-уми сабқати лигаи якуми футболи Тоҷикистон баргузор шуд. Дар ҳарду бозӣ мизбонон ғолиб омаданд.

Натоиҷи ин бозиҳо чунин аст: «Румӣ» (Ҷалолиддини Румӣ) - «Кӯктош» (Рӯдакӣ) – 3:0, «Пахтакор» (Қубодиён) - «Саройкамар» (Панҷ) – 4:1.

Бозиҳои даври 17-ум байни дастаҳои «Сабо» - «Локомотив», «Ситора» - «Ҳосилот», «Вахши зарнисор» - «Данғара» ва «Зарафшон» - «Ҷавонон» ба мӯҳлати дертар гузошта шудааст.

Вале натоиҷи ин ду бозӣ мавқеи дастаҳоро дар ҷадвали мусобиқа тағйир надод.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷой Дастаҳо Б Ғ М Б Т И
1. «Зарафшон» (Панҷакент) 14 9 3 2 31-17 30
2. «Ҳосилот” (Фархор) 14 9 2 3 23-15 29
3. «Ҳулбук” (Восеъ) 14 8 5 1 36-12 29
4. «Сабо» (Шаҳринав) 13 8 3 2 31-15 27
5. “Румӣ” (Румӣ) 15 8 1 6 37-24 25
6. «Пахтакор” (Қубодиён) 14 7 4 3 30-20 25
7. «Ситора» (Рӯдакӣ) 13 5 4 4 17-11 19
8. «Вахши зарнисор» (Вахш) 13 5 4 4 28-23 19
9. «Саройкамар» (Панҷ) 14 5 4 5 21-22 19
10. «Данғара» (Данғара) 14 3 5 6 20-18 14
11. “Кӯктош” (Рӯдакӣ) 14 3 3 8 13-25 12
12. “Ҷавонон” (Турсунзода) 13 2 2 9 9-34 8
13. “Локомотив” (Душанбе) 14 2 2 10 10-37 8
14. Рашт” (Рашт) 13 1 0 12 4-34 3

Даври 18-ум

13-уми сентябр (сешанбе)
«Ҷавонон» - «Вахши зарнисор»
«Данғара» - «Пахтакор»
«Саройкамар» - «Румӣ»
Оғози бозиҳо – соати 16:30

Ба иттилои масъулини Федератсиюни футболи Тоҷикистон бозии даври 18-ум миёни дастаҳои «Рашт» ва «Зарафшон» ба иллати аз мусобиқа даст кашидани дастаи “Рашт” баргузор намешавад.

Инчунин бозиҳои ин давр байни дастаҳои «Кӯктош» - «Ситора» ва «Ҳосилот» - «Ҳулбук» ба мӯҳлати дертар гузошта шудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG