Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гузориши HRW аз бадрафтории пулиси маҳаллии Афғонистон


Дидбони Ҳуқуқи Башар ва ё Ҳюман Райтс Вотч имрӯз бо нашри гузорише гуфт, далелҳои зиёде ёфтааст, ки “Нерӯҳои маҳаллии пулиси Афғонистон” ба қатлу таҷовуз ва боздоштҳои худсарона даст доранд. Бо вуҷуди ин бадрафториву ҷиноят ба гуфтаи созмон ин маъмурони пулис ҷазо намегиранд. Дидбони Ҳуқуқи Башар, пулиси шаҳрҳои Бағлон, Ҳирот ва Урузгонро мисол овардааст. Сухангӯи Нерӯҳои байналмилалии кӯмаки амниятӣ ба раҳбарии НАТО, гуфт, иддаъоҳо доир ба бадрафтории маъмурони пулисро таҳқиқ хоҳад кард. “Пулиси маҳалии Афғонистон” соли гузашта таъсис ёфта ва аз 7 ҳазор нафар иборат аст ва салоҳиятҳои мақомоти интизомиро надорад. Аммо сокинони он маҳалҳоро, ки артиш ва пулис дар онҳо ҳузури кам доранд, мусаллаҳ мекунад, то худашон дар таъмини амният саҳм бигиранд.
XS
SM
MD
LG