Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ҷомиаи ҷаҳонӣ бояд барои тавлиди энержии об дар минтақа сармоягузорӣ кунад.

Пӯлод Муҳиддинов, муовини вазири саноат ва энергетикаи Тоҷикистон мегӯяд, ҳоло рушди иқтисоди ҷаҳон дар Осиёи Ҷанубӣ ва Осиёи Шарқӣ бештар ба назар мехӯрад ва истифода аз энержии таҷдидшавандаву аз лиҳози экологӣ тоза роҳи судмандтарини таъмини ин раванд аст: «Барои таъмин намудани рушди иқтисодиёт қабл аз ҳама энергетика зарур аст. Энергетикаи кишварҳои ҳамсояи
Пӯлод Муҳиддинов, муовини вазири саноат ва энергетикаи Тоҷикистон

мо асосан бар асоси истифодаи газ, нафт ва ангишт рушд мекунад. Аммо энергетикаи мо (Тоҷикистону Қирғизистон) бар асоси об рушд мекунад. Мо зарфиятҳои хеле бузург дорем. Ҳамкории мо аз дигаргун шудани иқлим ва хароб нашудани табиат ҷилавгирӣ мекунад.»

Муовини вазири саноат ва энергетикаи Тоҷикистон, ки дар ҳошияи ҳамоиши дуввуми байнулмилалии судмандии энергетикӣ дар Душанбе сӯҳбат мекард, гуфт, ҳадаф аз мизбонии ин нишаст ҷалби дигарбораи таваҷҷӯҳи сармоягузорони хориҷӣ ба тарҳҳои энержии об аст. Оқои Муҳиддинов афзуд, Тоҷикистону Қирғизистон зарфияти тавлиди солона ҳудуди 900 миллиард квт/соат энержиро доранд, ки дар ҳоли ҳозир танҳо 4 дарсади он тавлид мешавад.



Ин бори аввал нест, ки кишварҳои болооби Осиёи Марказӣ - Тоҷикистону Қирғизистон бар аҳамияти тарҳҳои сохтмони нерӯгоҳҳои тавлидкунандаи энержии об таъкид мекунанд ва сармоягузорони хориҷиро ба ин тарҳҳо даъват менамоянд. Ин даъватҳо дар баробари баҳс бо кишварҳои поёноб, бахусус мухолифати шадиди Ӯзбакистон ба тарҳҳои бузург, аз ҷумла нерӯгоҳи Роғун ва Қамбарота идома доранд. Аммо то ба ҳол сармояи хориҷӣ, бахусус аз Аврупову Амрико ва ниҳодҳои байнулмилалӣ, аз қабили Бонки ҷаҳонӣ таъхир мекунад.

Коршиносон мегӯянд, даъвати кишварҳои болооби Осиёи Марказӣ то ба ҳол сармоягузорони хориҷиро итминон надодааст, зеро ҳанӯз тарҳҳо аз лиҳози даромаднокӣ асоснок нашуда, бар иловаи баҳсҳои сиёсӣ хавфҳое ҳам барои амнияти сармояҳои бузург вуҷуд доранд.

Евгений Надеждин, мушовири сарвари Оҷонси энержии Русия, аз тарроҳони нерӯгоҳи Роғун дар замони шӯравӣ мегӯяд, тағйироти ахир дар иқлими ҷаҳонӣ дигарбора
Евгений Надеждин, мушовири сарвари Оҷонси энержии Русия

шубҳаҳо сари тарҳҳои энержии обро меафзоянд: «Бубинед, иқлим тағйир мехӯрад. Ягон чиро пешгӯӣ карда намешавад. Пагоҳ хушксолии бузург мешаваду ҳама тамом мешавад. Об кам мешавад. Аммо шуморо танқид мекунанд, ки обро нигоҳ медоред. Мухолифатҳо бештар мешаванд. Ин омилро ҳам сармоягузорон ба назар мегиранд. Бонки ҷаҳонӣ, ки масъулияти нерӯгоҳи Роғунро ба зимма гирифтааст, бубинед, таъхир мекунад. Аз ин хотир, бигзор, энержии об ҳамчун меҳвари соҳаи энержӣ бошад, аммо сари алтернатива бояд андеша кард. Алтернатива ҳаст, агар нест, бояд рафт ва зуд худро овехт.»

Оқои Надеждин афзуд, сарватҳои зеризаминии Тоҷикистон, аз ҷумла газу нафт ва ангишт ҳанӯз пурра кашф нашудаанд ва сармояро бояд барои тавлиди онҳо ва дар ин замина тавлиди энержӣ низ бояд ҷалб кард.

Иддае дигар аз коршиносон бар заъфи сармоягузорӣ дар судмандии энергетикӣ ва тарҳҳои энержии таҷдидшаванда низ таъкид мекунанд. Ба қавли онҳо, то 20 соли дигар худи Осиёи Марказӣ ба 16 дарсад камбуди энержӣ рӯбарӯ хоҳад шуд, ҳатто Қазоқистон.

Атабек Умирбеков, намояндаи Маркази минтақавии зистмуҳитии Осиёи Марказӣ мегӯяд, то ба ҳол кишварҳои минтақа аз хатҳои пастшиддат истифода мекунанд, ки мӯҷиби харҷи беҳудаи энержӣ мешавад: «Кишварҳои мо чанд сол қабл қонунҳо дар бораи сарфаи энержиро ба тасвиб расонида буданд. Мушкил он аст, ки
Атабек Умирбеков, намояндаи Маркази минтақавии зистмуҳитии Осиёи Марказӣ

онҳо он қадар муассир нестанд. Онҳо чизи воқеие ба сармоягузорони хусусӣ ва аҳолӣ пешниҳод карда наметавонанд, то судмандии бештаре ба вуҷуд ояд. Масалан, як далели ноамниҳои Қирғизистон дар соли гузашта боло бурдани қимати барқ буд. Яъне механизме нест, ки қиматҳо ҳам баланд карда шаванду мардум ҳам зиён набинанд ва ҳам сармоягузор нагурезад. Пешравие дар ин самт нест. Кишварҳои Осиёи Марказӣ аслан ин гуна қонунҳоро аз Русия нусхабардорӣ мекунанд ва то ҳадди лозимӣ онҳо такмил ва ҷузъиёти аслиро дарбар намегиранд.»

Тоҷикистон ду соли қабл барои боло бурдани судмандии энергетикӣ дар кишвар маъракаи гузариш ба лампочка ё худ фурӯзонакҳои каммасрафро ба роҳ андохта буд. Аммо бар пояи як таҳқиқи СММ, то ба ҳол 74% мардуми деҳнишини Тоҷикистон қисман ва 1 миллион аҳолии кишвар муназзам аз барқ танқисӣ мекашанд. Ҳамчунон «Барқи тоҷик», бузургтарин ширкати тавлид ва таъмингари барқ дар кишвар худкифо нест.

Коршиносон мегӯянд, бо ҷалби сармояи хориҷӣ фақат даст ёфтан ба тавлиди бештар ҳанӯз салоҳи кор нест ва бояд дар сохтори дохилии энержии кишвар тағйирот ба вуҷуд ояд. Онҳо роҳандозии ду нерӯгоҳ- Сангтӯда -1 ва Сангтӯда- 2 -ро мисол меоранд, ки бо вуҷуди фаъол шудан ҳанӯз таъсири кофие дар ҳалли мушкили энержии кишвар надоштаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG