Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Охирин узви дастаи Локомотиви Русия даргузашт


Александр Громов, охирин бозмондаи суқути ҳавопаймо ва узви дастаи тими хоккейи Локомотиви Русия, имрӯз даргузашт. Александр Громов баъди суқути ҳавопаймои Як-42 дар вилояти Ярославл, ки 43 нафарро кушт, бо бадани сӯхта ва ҳамроҳ бо як халабони дигар зинда монд ва имрӯз бар асари ҳамон ҷароҳатҳо даргузаштааст. Вазъи сиҳатии халабонро ҷиддӣ, вале мӯътадил арзёбӣ кардаанд. Ҳавопаймои Як-42 рӯзи чаҳоршанбе зимни бархостан аз фурудгоҳ дучори мушкил шуд ва суқут кард, ки дар натиҷа 36 узви дастаи Локомотиви Ярославл, қаҳрамони секаратаи Русия дар бозии хоккей кушта шуданд. Мураббии даста ва бозигарони бисёри дигари даста хориҷӣ буданд.
XS
SM
MD
LG