Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози сафари Эрдӯғон ба се кишвари арабӣ


Қарор аст, имрӯз Раҷаб Тайиб Эрдӯғон, нахуствазири Туркия, дар оғози сафари худ ба се кишвари арабӣ, ки дар қиёмҳои мардумӣ раҳбаронашон суқут карданд, дар шаҳри Қоҳира бо низомиёни ҳоким бар Миср мулоқот кунад. Боздиди нахуствазири Туркия ҳафт моҳ баъд аз он сурат мегирад, ки Ҳуснӣ Муборак, раиси ҷумҳури пешини Миср, таҳти фишори тазоҳуроти мардумӣ суқут кард. Айни замон нерӯҳои амниятии Миср дар ҳоли омодабош қарор доранд, зеро рӯзи шанбе издиҳоме ба сафорати Исроил дар Қоҳира ҳамла кард ва дар ин хушунатҳо дасти кам се нафар кушта ва бештар аз 1000 тани дигар захмӣ шуданд. Баъд аз Миср, Раҷаб Тайиб Эрдӯғон ба Тунис ва Либия сафар мекунад, ки раҳбарони ҳарду ин кишвар низ дар ошӯбҳои мардумӣ суқут карданд.
XS
SM
MD
LG