Пайвандҳои дастрасӣ

Шералӣ Хайруллоев, вазири дифои Тоҷикистон ба вилояти Астрахани Русия сафар кардааст.

Ҳадаф аз ин сафари вазири дифои Тоҷикистон, мушоҳидаи даври саввуми машқҳои низомии нерӯҳои дифои ҳавоии Иттиҳоди давлатҳои Муштаракулманофеъ унвон шудааст. Ин тамринҳо дар вилояти Астрахани Русия таҳти унвони "Боевое Содружество-2011" баргузор мегарданд.

Фаридун Маҳмадалиев, сардори хадамоти матбуоти Вазорати дифои Тоҷикистон ба "Озодӣ" гуфт, дар тамринҳои мазкур ду гурӯҳи нерӯҳои дифои ҳавоии Тоҷикистон ҳузур доранд.

Ба гуфтаи ин манбаъ, дар тамринҳои муштарак бахшҳои низомии дифои ҳавоии кишварҳои Тоҷикистон, Русия, Қирғизистон, Арманистон ва Белорусия иштирок хоҳанд кард.

Ин сафари вазири дифои Тоҷикистон ба Русия дар ҳоле иттифоқ уфтодааст, ки ахиран Душнабеву Маскав ба созиш расиданд, ки пойгоҳи 201-и Русия то 49 соли дигар дар қаламрави ин кишвар боқӣ бимонад.

Ҳарчанд мақомоти Тоҷикистон ризояти худ дар ин мавридро шарҳ надодаанд, вале бархе аз рӯшанфикрони мухолифи ҳузури пойгоҳи низомии Русия хостаанд, то дар ин бора ҳамапурсӣ доир шавад.

Дар ҳамин ҳол, вазири дифои Русия Анатолий Сердюков ҳам дар сӯҳбат ба хабаргузориҳои русӣ гуфтааст, Тоҷикистон барои ҳузури пойгоҳи низомии Русия пул намепурсад ва пойгоҳи онҳо ройгон хоҳад буд. Аммо ҷаноби Сердюков афзудааст, Русия ба артиши Тоҷикистон кӯмаки фаннӣ хоҳад кард.

Ҳамон тавре ки Дмитрий Медведев, раисиҷумҳури Русия дар поёни мулоқоташ бо Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар 2-юми сентябр гуфт, тарҳи ин тавофуқнома дар семоҳам аввали соли 2012 омода хоҳад шуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG