Пайвандҳои дастрасӣ

Паҳлавонони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии гуштии озоди ҷаҳон, ки 12-уми сентябр дар шаҳри Истамбули Туркия шурӯъ шуд, ширкат меварзанд.

Абдурозиқ Олимов, мураббии калони дастаи мунтахаби Тоҷикистон, ба “Озодӣ” гуфт, ба ҳайати даста ҳафт нафар шомиланд: Николай Ноев (55 кг), Виталий Корякин (60кг), Сомиршо Воҳидов (66 кг), Азамат Сӯфиев (74 кг),
Юсуф Абдусаломов (84 кг), Искандари Рустам (96 кг) ва Эраҷ Холов (120 кг).

Ҳамзамон дар Истамбул сабқати ҷаҳонӣ дар риштаи гуштии юнониву румӣ баргузор мешавад. Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон Нуриддин, Аланазаров (55 кг), Фаррух Беков (60 кг), Аҳмад Қодиров (66 кг), Азиз Қаландаров (74 кг), Манучеҳр Маллаев (84 кг), Ҳабибулло Абдуллоев (96 кг)
ва Муродҷон Тӯйчиев (120 кг) дохиланд.

Ба гуфтаи Абдурозиқ Олимов, гуштигироне, ки дар сабқати ҷаҳонӣ ҷойҳои аз якум то панҷумро мегиранд, соҳиби роҳхатҳо ба Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2012 дар Лондон мешаванд.

Мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар Туркия то рӯзи 18-уми сентябр идома хоҳад кард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG