Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама: Амрико наҳаросид ва устувор боқӣ монд


Раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, Барак Обама, мегӯяд, Амрико дар даҳ соли пас аз ҳамлаҳои 11-уми сентябр ба ҳарос дода нашуд, қавӣ ва сарзинда боқӣ монд. Ин нуктаро Обама дар ҳамоиши ҷамъбастии рӯзи ёдбуди қурбониҳоио 11-уми сентябр дар Вошингштон баён дошт. Дар ин ҳамлаҳои 10 сол пеш наздик ба 3000 нафар дар Ню Йорк, Вошингтон ва Пенсилвания кушта шуданд. Ба муносибати 10-умин солгарди ҳамлаҳо дар маҳалли онҳо маҳфилҳои гиромидошти хотираи қурбониён баргузор гашт.
XS
SM
MD
LG