Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳукумати нави Либия дар 10 рӯзи оянда таъсис хоҳад ёфт


Ноиби раиси Шӯрои миллии гузори Либия мегӯяд, ҳукумати нави ин кишвар дар даҳ рӯзи оянда таъсис хоҳад ёфт. Ин изҳороти Маҳмуд Ҷибрил, сарвазири Шӯрои миллии гузори Либия дар ҳоле садо дод, ки нерӯҳои Шӯро дар охирин пойгои тарафдорони Қаззофӣ шаҳри Бани Валид ба муқовимати сахт рӯбарӯ шудаанд. Сарони Шӯрои миллии гузори Либия бар инанд, ки иттилоъ аз дохили фармондеҳии он ба воистаи хоинон ба нерӯҳои тарафдори Қаззофӣ расонда мешавад.
XS
SM
MD
LG