Пайвандҳои дастрасӣ

Вершбоу: Кӯмак ба Тоҷикистон ба суди Русия ва Амрикост


Як мақоми аршади низомии Иёлоти Муттаҳида гуфтааст, Русия ва Амрико бояд ба ҳукумати Тоҷикистон дар ҳифзи суботу амният ва таҳкими марзҳояш бо Афғонистон кӯмак кунанд. Ноиби вазири дифои Иёлоти Муттаҳида Александр Вершбоу ин нуктаро дар рӯзи аввали сафараш ба Маскав иброз дошта, афзудааст, масъалаи кӯмак ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ва густариши ҳамкорӣ бо онҳоро дар гуфтушунид бо мақомоти Русия матраҳ хоҳад кард. Қарор аст, Вершбоу рӯзи душанбеи 12-уми сентябр бо вазир дифои Русия, Анатолий Сердюков дидору гуфтушунид кунад.
XS
SM
MD
LG