Пайвандҳои дастрасӣ

Эрон имрӯз нахустин нерӯгоҳи ҳастаии худро, ки бо ёрдами русҳо сохта шудааст, ба кор хоҳад андохт. Нерӯгоҳи Бушер дар ҷануби Эрон пас аз таъвиқи тӯлонӣ ин моҳ ба шабакаи миллии барқи Эрон васл гардид. Рӯзи душанбеи 12-уми сентябр Теҳрон дар як расми вижа ба 40 дарсади иқтидораш расидани нерӯгоҳи 1000 мегаваттиро қайд мекунад. Қарор аст, вазири энержии Русия, Сергей Шматко дар ин расм ширкат кунад. Дар нишасти хабарии муштарак бо вазири умури хориҷии Эрон, Алиакбари Солеҳӣ, Шматко гуфт, умедвор аст, ду кишвар дар робита ба Бушер ва тарҳҳои нави энержии ҳастаӣ ҳамкории бештар хоҳанд дошт.
XS
SM
MD
LG