Пайвандҳои дастрасӣ

Амри Садр ба қатъи ҳамла ба амрикоиҳо дар ростои хуруҷ


Рӯҳонии саршиноси шиъаҳои Ироқ, Муқтадо Садр ба пайравони худ дастур дод, аз ҳамла ба нерӯҳои Амрико дар ростои хуруҷи онҳо аз Ироқ то 31-уми декабри соли равон худдорӣ кунанд. Вай гуфт, чунин иқдом метавонад ба эҳёи комили истиқлолияти Ироқ халал ворид намояд. Дар изҳороти ин раҳбари тундрав гуфта мешавад, дар сурати ихроҷи комили нерӯҳои Амрико тарафдорони ӯ ба ҳама гуна амалиёти ҳарбӣ хотима хоҳанд дод. Паёми Садр ба дунболи изҳороти раиси нави ситоди артиши Амрико садо дод. Генерал Рей Одиерно гуфт, боқӣ мондани теъдоди зиёди нерӯҳои амрикоӣ дар Ироқ ҳолати идомаи ишғоли ин кишварро ҳувайдо хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG