Пайвандҳои дастрасӣ

Даъвати Созмони ҳамкориҳои исломӣ ба оштии ҷаҳонӣ


Созмони ҳамкориҳои исломӣ, Конфаронси исломии пешин, аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хост, дар мубориза бо терроризм на танҳо аз василаҳои ҳарбӣ, балки аз бархӯрди чандбӯъдӣ кор гирад. Дар изҳороте ба муносибати солгарди ҳамлаҳои 11-уми сентябр созмони иборат аз 57 кишвари узв барои баҳам задани устураи “ҷанги тамаддунҳо” ба оштии ҷаҳонии фарҳангӣ ва мазҳабӣ даъват намуд. Ин созмон мегӯяд, ба хотири муколама бояд ҳама гуна танаффур, таҳаммулнопазирӣ ва табъиз бартараф гардад.
XS
SM
MD
LG