Пайвандҳои дастрасӣ

Ш.Хайруллоев: "Лозим шавад, нерӯҳои Эрон дар ду соат мерасанд"


Наздики 150 сарбозу афсари Артиши Эрон дар реҷаи низомӣ бахшида ба ҷашни 20-умин солгарди истиқлоли Тоҷикистон иштирок карданд...

Наздики 150 сарбозу афсари Артиши Эрон дар реҷаи низомӣ бахшида ба ҷашни 20-умин солгарди истиқлоли Тоҷикистон иштирок карданд...

Тоҷикистону Эрон алоқамандии худ барои тавсеаи бештари ҳамкориҳои дифоӣ ва низомиро эълон кардаанд.

Хабаргузории "Форс" навиштааст, ду ҷониб барои баргузории машқҳои муштараки низомии нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ва Эрон изҳори омодагӣ кардаанд.

ШЕРАЛӢ ХАЙРУЛЛОЕВ, вазири дифои Тоҷикистон, аз сарбозони Эрон барои ширкат дар реҷаи низомии рӯзи истиқлоли ин кишвар зимни мулоқоте сипосгузорӣ намуда ва гуфтааст, ҳузури ин воҳиди низомии Эрон дар Тоҷикистон дар ин рӯз ифодагарии ирода ва омодагии ду кишвар барои тақвияти ҳамкориҳои дифоӣ аст.

Шералӣ ХАЙРУЛЛОЕВ, вазири мудофиаи Тоҷикистон
Ӯ мегӯяд: "Ҳам дӯсту ҳам душман як бори дигар дид, ки агар лозим шавад ду соат роҳ аст, ки қувваҳои мусаллаҳи Эрон дар Тоҷикистон мешаванд. Агар лозим шавад, мо ба Эрон меравем, якдигарро дастгирӣ карда дар байни дӯсту душман зиндагӣ мекунем. Вақте ки қувваҳои мусаллаҳи Эрон аз майдон гузашт, мардум кафкӯбӣ карданд."

Вазири дифои Тоҷикистон ширкати як воҳиди низомии Эрон дар Тоҷикистонро дар реҷаи истиқлол боиси сарфарозии давлат ва миллати Тоҷикистон унвон кардааст. Вай афзудааст, ширкати ин воҳиди эронӣ ба реҷаи истиқлол ҷалоли бештаре изофа кардааст.



Гуфта мешавад, ниҳодҳои марбутаи ду кишвар ҳоло дар садади омодагӣ барои таҳияи муқаддимаи лозим барои баргузории машқҳои муштараки низомии нерӯҳои мусаллаҳи ду кишвар ҳастанд. Тасмими ширкати воҳиди низомии Эрон дар реҷаи низомии Тоҷикистон дар рӯзи ҷашни 20-солагии истиқлоли кишвар ду рӯз қабл аз эъзоми ин нерӯҳо ба Тоҷикистон гирифта шудааст.

Алиасғари ШЕЪРДӮСТ, сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон
Дар реҷаи низомии ба ифтихори рӯзи истиқлоли Тоҷикистон ширкат варзидани сарбозони Фаронса, ки дар фурудгоҳи Душанбе мустақар ҳастанд, низомиёни Ҳинду Афғонистон ва ҷузву томҳои пойгоҳи 201-и Русия дар Тоҷикистон аз қабл маълум буд. Аммо ҳеҷ ҷониби дигаре то лаҳзаи вуруди сарбозони эронӣ эҳтимоли ширкати онҳо дар ин реҷаро тахмин намекард.

АЛИАСҒАРИ ШЕЪРДӮСТ, сафири Эрон дар Душанбе, низ мегӯяд: "Фурсати хеле кам барои омодагӣ доштем. Ин матлаб дар мулоқоти шоми рузи 4-уми сентябр аз сӯи раисиҷумҳур матраҳ шуд. Дар рӯзи панҷум раисиҷумҳур ба унвони раҳбари муаззами инқилоб нома навиштанд ва дар зарфи ду соат мувофиқаташ иблоғ шуд. Ҳамагӣ барои омодагӣ ва эъзоми қувваҳо ду рӯз фурсат дар ихтиёр буд."

Ба ин тартиб, аввалин бор як воҳиди мусаллаҳи Эрон дар хориҷ аз ин кишвар пиёда шуд ва дар реҷаи ба муносибати истиқлоли Тоҷикистон ширкат варзид. Ба гуфтаи мақомоти Тоҷикистон эъзоми ин воҳиди низомии Эрон барои ширкат дар расми истиқлоли Тоҷикистон ба рағми мухолифати бархе кишварҳои ҳамсояи Тоҷикистону Эрон амалӣ шудааст.

Тоҷикистон ва Эрон дар ҳоле барои густариш ва тавсеаи ҳамкориҳои низомӣ ва дифоӣ изҳори алоқамандӣ мекунанд, ки ахиран мақомоти Маскав аз тавофуқ бо Душанбе барои тамдиди замони ҳузури пойгоҳи 201-и Русия барои 49 соли дигар хабар додаанд ва гуфтаанд, бар ивази ин мувофиқа Тоҷикистон кӯмакҳои техникӣ ва низомиии Русияро дарёфт хоҳад кард. Аммо мақомоти Тоҷикистон то кунун ин хабарро такзиб ва ё таъйид накардаанд.

Бархе коршиносон мегӯянд, мақомоти Русия бар ивази тамдиди замони пойгоҳи он кишвар ба мақомоти Тоҷикистон тааҳҳуде насупурдаанд, балки онро замонати субот ва амнияти ин кишвар талаққӣ намуда ва мехоҳанд, ки Душанбе ба ин тавофуқ бидуни қайду шарт тан диҳад. Ин амр, мегӯянд таҳлилагарон, Душанберо барои ҷалби як пуштибони қудратманд, дар пайи бозиҳои замонӣ кардааст. Аммо ин пуштибон метавонад Эрон бошад?

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG