Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Фауст" соҳиби "Шери тиллоӣ" шуд


Александр Сокуров бо "Шери тиллоӣ"
Александр Сокуров бо "Шери тиллоӣ"
Дар ҷашнвораи байнулмилалии синамо дар Венетсия ҷоизаи асосӣ – “Шери тиллоӣ”-ро филми таҳиягари рус Александр Сокуров “Фауст” соҳиб шуд.

Дар таҳияи ин филм, ки ба забони олмонӣ навор бардошта шудааст, чанд кишвар ширкат доштанд. Нақши асосиро дар филми “Фауст” ҳунарманди оламонӣ Йоханнес Сайлер бозидааст.

“Шери нуқрагин” ба таҳиягари чиноӣ Сай Шансзюн барои филми “Одамон, кӯҳ, одамон, баҳр” супурда шуд.

Таҳиягари итолиёвӣ Эммануэле Криалезе барои филми “Қора” ба ҷоизаи махсуси ҳайати ҳакамон сазовор гардид.
XS
SM
MD
LG