Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ёдбуди қурбониёни ҳамлаҳои 11 сентябр дар Кобул


Ҷон Аллен
Ҷон Аллен
Дар сафорати Амрико дар Кобул маросими ёдбуди қурбониёни ҳамлаҳои террористии рӯзи 11 сентябри соли 2001 баргузор шуд.

Фармондеҳи нерӯҳои байнулмилалӣ дар Афғонистон генерали амрикоӣ Ҷон Аллен аз ҳозирон даъват намуд, ки хотираи тақрибан се ҳазор нафари дар Ню-Йорку Вошингтон ва Шэнсквил ҷонбохтаро пос доранд.

Дар арафаи ин солгард толибон масъулияти ҳамла дар постгоҳи нерӯҳои НАТО дар мавзеъи Сайидободи вилояти Вардакро бар дӯш гирифтанд, Дар ин ҳамлаи маргталабона ду нафар ба ҳалокат расида, 77 низомии амрикоӣ ҷароҳат бардоштанд.

Дар изҳороти худ толибон гуфтанд, ки онҳо дар ҳамлаҳои рӯзи 11 сентябр даст надоранд ва Амрико ин фоҷиаро ҳамчуни баҳонаи таҷовуз ба Афғонистон истифода кардааст.

Дирӯз бар асари таркишҳо дар манотиқи гуногуни Афғонистон дасти кам 12 нафар ба ҳалокат расиданд.
XS
SM
MD
LG