Пайвандҳои дастрасӣ

Теъдоди қурбониёни сонеҳаи киштӣ ба 200 нафар расид


Дар Танзания теъдоди қурбониёни сонеҳаи киштӣ ба 200 нафар расид. Вазири давлатии Занзибар Муҳаммад Абоуд гуфт, ки 579 тан аз мусофирон наҷот дода шуданд.

Киштие, ки шаби шанбе дар соҳилҳои ҷазираи Занзибар зери об рафт, беш аз ҳазор мусофир ва 120 тонна бор дошт, дар ҳоле, ки он барои 620 мусофир пешбинӣ шуда буд.

Раисиҷумҳури Занзибар дар ин кишвар, ки мақоми нимамухторӣ дар ҳайати Танзанияро дорад, барои се рӯз мотами миллӣ эълон намуд.

Киштии ғарқшуда аз Занзибар сӯи ҷазираи Лемба, ки аз беҳтари ҷойҳои шиноварии зериобӣ дар ҷаҳон маҳсуб мешавад, ҳаракат мекард.
XS
SM
MD
LG