Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ал-Садр хостори қатъи ҳамла ба низомиёни ИМА шуд


Раҳбари шиаҳои Ироқ Муқтадо Ал-Садр аз ҷонибдоронаш хост, ки ҳамла ба низомиёни амрикоиро қатъ кунанд, то ки хуруҷи бемамониати онҳо аз кишвар то охири сол таъмин шавад.

Дар изҳороти Ал-Садр, ки созмони ниманизомии “Артиши Маҳди”-ро раҳбарӣ мекунад, ҳамчунин гуфта шудааст, низомиёни амрикоии баъд аз соли нав дар Ироқ боқимонда ҳадафи ҳамлаҳои ҷонибдорони ӯ қарор мегиранд.

Айни ҳол раҳбарони Ироқ бо мақомоти ИМА барои дар кишвар боқӣ мондани мутахассисони низомии амрикоӣ музокирот мекунанд.
XS
SM
MD
LG