Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳусейн Тантовӣ ба мурофиаи Муборак даъват шуд


Интизор меравад, ки раиси Шӯрои олии низомии Миср Ҳусейн Тантовӣ имрӯз дар мурофиаи додгоҳи раисиҷумҳури пешин Ҳуснӣ Муборак баёнот диҳад.

Аз ин пеш хабар дода мешуд, ки Тантовӣ пушти дарҳои баста ба суолҳо ҷавоб мегӯяд ва ин боиси норизоятии ходимони ҷамъиятии Миср шуд, ки боз будани мурофиаро талаб доранд.

Раисиҷумҳури пешини Миср ва чанд тан аз атрофиёнаш дар фасод ва даст доштан дар ҳалокати садҳо намоишгарон дар ибтидои соли равон айбдор мешавад. Бар асари намоишҳои густурда Муборак маҷбур шуда буд, ки ба истеъфо равад.

Ҳусейн Тантовӣ замони қудрати Муборак тайи 20 сол вазири дифоъ буд.

Гуфта мешавад, ки баёноти ӯ чун бархе баёноти дигар метавонад барои ҳукми ниҳоии додгоҳ ҳалкунанда гардад.
XS
SM
MD
LG