Пайвандҳои дастрасӣ

Дар таркишҳо дар Афғонистон мардуми осоишта ҷон бохтанд


Бар асари таркишҳо дар манотиқи гуногуни Афғонистон дасти кам 12 нафар ба ҳалокат расиданд.

Дар минтақаи Бармали вилояти Пактико, воқеъ дар марзи Покистон, бар асари таркиши мошин аз бомби рӯираҳ шаш нафар, аз ҷумла, ду зан ҷон бохтанд.

Шаби гузашта дар вилояти шимолии Кундуз аз таркиш чаҳор кас, марду зан ва ду тифл кушта шуданд.

Аз ин пештар дар вилояти Вардак бар асари ҳамлаи маргталабона ду нафар ба ҳалокат расида, 89 тани дигар, аз ҷумла, 50 низомии амрикоӣ ҷароҳат бардоштанд. Дар изҳороти нерӯҳои амрикоӣ гуфта шудааст, ки маргталаб як мошини ҳезумборро дар канори постгоҳи НАТО дар Сайидобод мунфаҷир кардааст.

Масъулияти ҳамлаи ахирро толибон бар дӯш гирифтанд.
XS
SM
MD
LG