Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар ИМА аз қурбониёни ҳамлаҳои даҳ соли пеш ёд мекунанд


Имрӯз дар ИМА аз қурбониёни ҳамлаҳои террористии даҳ соли пеш ёд меоваранд.

Қарор аст Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико, аз се минтақае, ки 11 сентябри соли 2001 бар асари инфиҷори ҳавопаймоҳои рабудашуда тақрибан се ҳазор нафар ба ҳалокат расиданд, яъне аз ҷойи биноҳои Созмони ҷаҳонии тиҷорат дар Ню-Йорк, аз бинои Пентагон дар Вошингтон ва аз мавзеъи Шэнксвили аёлати Пенсилвания дидан кунад.

Барак Обама дирӯз дар паёми ҳафтаинаи родиёии худ гуфт, ки "имрӯз Амрико нерӯмандтар шуда, аммо «Ал-Қоида» дар осонаи шикаст қарор дорад. Мо ба «Ал-Қоида» аз пештара дида шадидтар муқовимат мекунем". Ӯ афзуд, "теъдоди фармондеҳони бонуфузи «Ал-Қоида», ки дар дуву ним соли ахир кушта шудаанд, назар ба ҳама давраи баъд аз ҳамлаҳои 11 сентябр бештар аст. Ва тавассути ҷасорату амалҳои бонизоми нерӯҳоямон мо, дар ниҳояти кор, ба муҷозоти одилонаи Усома бин Лоден муваффақ шудем".

Маросимҳои ёдбуд дар Амрико дар ҳоле баргузор мешаванд, ки дар Ню-Йорк ва Вошингтон баъд аз пахши хабари эҳтимоли ҳамлаҳои нави «Ал-Қоида» аз чораҳои бесобиқаи амниятӣ кор гирифта шудааст.
XS
SM
MD
LG