Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оташе, ки миёни Мисру Исроил аланга мегирад


Қоҳира, 9 сентябри соли 2011
Қоҳира, 9 сентябри соли 2011

Ҳамла ба сафорати Исроил дар маркази Миср равобити миёни ду кишвари ҳамсояро печидатар хоҳад кард.

Сарвазири Исроил Бенямин Нетаняҳу ин ҳамларо "ҳодисаи ҷиддӣ" номид ва аммо ҳамзамон гуфт, дар сурати ба дасти тазоҳургарон уфтодани кормандони сафорат шояд авзоъ бадтар мешуд.

Ӯ аз раисиҷумҳури Амрико Барак Обама изҳори сипос кард, ки дар он лаҳзаҳои ҳассос аз мақомоти Миср хостори вокуниши сареъ ва таъмини амнияти дипломатҳои исроилӣ шудааст.

Сафири Исроил дар Миср Исҳоқ Леванон ва дигар дипломатҳои кишвар бо аҳли хонаводаҳояшон зери ҳимояти нерӯҳои зудамали артиши Миср ба фурудгоҳи байнулмилалии Қоҳира интиқол дода шуданд. Аз он ҷо онҳо
Бенямин НЕТАНЯҲУ

тавассути ҳавопаймои низомӣ ба Исроил баргаштанд. Айни ҳол дар Қоҳира фақат консули Исроил боқӣ мондааст, ки қарор аст бо мақомоти Миср музокирот анҷом бидиҳад.

Ҳамла ба бинои сафорати Исроил дар Қоҳира ба дунболи намоиши эътирозие сурат гирифт, ки дар он ҳазорон сокини пойтахти Миср ширкат доштанд. Тазоҳургарон бо истифода аз бетафовутии кормандони пулис ба бино ворид шуда, парчами Исроилро ба зер андохтанд ва асноду коғазҳоро дар хиёбон паҳну парешон сохтанд.

Ба навиштаи бархе хабаргузориҳо, тазоҳургарон баъзе аз ин аснодро ҷамъ оварда, аз онҳо аксбардорӣ мекарданд. Вазорати умури хориҷии Исроил изҳор намуд, ки коғазҳо бланкҳои холӣ ва варақаҳои таблиғотӣ буданд, вале расонаҳои Миср навиштаанд, ки дар бархе аз ин аснод мӯҳри сиррӣ зада шуда буд.

Пас аз таҳдид ба ҷони дипломатҳои исроилӣ кормандони пулис ба амалиёт шурӯъ намуданд. Миёни онҳо ва тазоҳургарон бархӯрд ба вуқӯъ пайваст, ки бар асари он, ба иттилои хабаргузориҳои мисрӣ, 448 нафар, аз ҷумла 46 корманди пулис маҷрӯҳ шуданд. Ба хотири пароканда сохтани тазоҳургарон кормандони пулис аз гази ашковар истифода бурданд.

Равобити миёни Миср ва Исроил баъди он ба сардӣ гароид, ки 18 августи соли равон дар як тирпарронӣ миёни низомиёни исроилӣ ва мусаллаҳони фаластинӣ дар нимҷазиари Синай панҷ марзбони мисрӣ ба ҳалокат расиданд. Қоҳира низомиёни исроилиро дар куштори шаҳрвандонаш муттаҳам кард ва талаб намуд, ки ин ҳодиса фавран тафтиш шавад. Аммо мақомоти Исроил инро рад карда изҳор намуданд, ки низомиёнаш дар куштори марзбонҳои мисрӣ даст надорад. Баъд аз ин дар Миср намоишҳои эътирозӣ шурӯъ шуданд ва дар яке аз ин намоишҳо аз бинои сафорат дар Қоҳира парчами Исроил ба замин андохта шуд.

То моҳҳои ахир марзи миёни Мисру Исроил минтақаи ором маҳсуб мешуд. Бар пояи созиши сулҳи соли 1979, ки дар Кэмп-Дэвид имзо шуда буд, Миср низомиёнашро аз нимҷазираи Синай берун кашида буд ва дар ин ҷо фақат гурӯҳи хурди кормандони полис мустақар буданд. Ин ба Исроил имкон медод, ки ҳузури низомиёнаш дар марзҳои ҷанубии кишварро коҳиш бидиҳад. Ва аммо баъд аз суқути режими раҳбари пешин Ҳуснӣ Муборак Миср бо иҷозаи Исроил ба ин нимҷазира нерӯҳои иловагӣ ворид кард.

Хушунат миёни ду кишвари ҳамсоя амиқтар хоҳад шуд ё ҷонибҳо роҳҳалли дипломатии ин моҷароро пайдо мекунанд, вақт нишон хоҳанд дод.
XS
SM
MD
LG