Пайвандҳои дастрасӣ

Обама: ИМА бо гузашти даҳ сол нерӯмандтар шуд


Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико, дар паёми ҳафтаинаи родиёии худ изҳор намуд, ки кишвараш бо гузашти даҳ сол аз ҳамлаҳои террористии рӯзи 11 сентябри соли 2001 нерӯмандтар шудааст ва бо вуҷуди таҳдидҳои амниятӣ ба пеш ҳаракат мекунад.

Ӯ афзуд, ки тавассути талошҳои низомиён, халамоти кашф ва мақомоти ҳифзи тартиботи Амрико созмони «Ал-Қоида» торафт заъифтар мешавад ва онро шикасти ногузир интизор аст.

Изҳороти Барак Обама дар ҳоле нашр шуд, ки дар шаҳрҳои Вошингтон ва Ню-Йорк баъд аз хабари имкони ҳамлаи террористии нави шабакаи Ал-Қоида дар рӯзи даҳумин солгарди ҳамла ба ин ду шаҳри бузурги Амрико чораҳои амниятӣ ташдид бахшида шуданд.

Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷии ИМА гуфт, ки Кохи Сафед иттилоъи ҳанӯз тайиднашуда дар бораи ҳамла ба Ню-Йорку Вошингтонро тафтиш мекунад.

Интизор меравад, ки раисиҷумҳури Амрико Барак Обама рӯзи якшанбе аз шаҳрҳои Ню-Йорк, Вошингтон ва мавзеъи Шэнксвили аёлати Пенсилвания дидан кунад.

Даҳ сол пеш, 11 сентябри соли 2001, бар асари ба биноҳои Созмони ҷаҳони тиҷорат дар Ню-Йорк ва бинои Пентагон дар Вашингтон равона кардани ҳавопаймоҳои рабудашуда ва ҳамчунин инфиҷори ҳавопаймои сеюм дар аёлати Пенсилвания тақрибан 3 ҳазор нафар ба ҳалокат расида буданд.

Мақомоти ИМА дар ин ҳамлаҳо шабакаи «Ал-Қоида»-ро муттаҳам мехонанд.
XS
SM
MD
LG