Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

22 медали варзишгарони тоҷик дар Қазоқистон


Адолат ХӮҶАМҚУЛОВА

Адолат ХӮҶАМҚУЛОВА

Варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё ва Уқёнус дар риштаи армрестлинг ё дастхобонӣ дар Қазоқистон 22 медал – 4 тилло, 8 нуқра ва 10 биринҷӣ ба даст оварданд.

Дар ин мусобиқот беш аз 500 варзишгар аз 22 кишвар ширкат доштанд. Шарафи Тоҷикистонро 24 нафар ҳимоя карданд. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ҳисоби умумидастаӣ пас аз тимҳои Қазоқистон, Узбакистон ва Қирғизистон дар ҷои чаҳорум қарор гирифт.

Дар рақобатҳои инфиродӣ Фарҳод Комилов дар вазни то 65 кг миёни ҷавонон бо медали тилло сарфароз гашт. Акмал Қодиров дар сабқати варзишгарони маълул дар вазни беш аз 90 кг байни мардон барои бори шашум ба унвони қаҳрамони Осиё даст ёфт.

Адолат Хуҷамқулова низ дар сабқати занон миёни варзишгарони маълул дар вазни то 60 кг боз ба дарёфти медали тилло мушарраф шуд. Ҳусейнҷон Қурбонов дар сабқати устодон дар вазни то 75 кг
барои бори чаҳорум бо медали тилло сарфароз гашт.

Ба иттилоъи Фарҳод Султонов, раиси Федератсиюни армспорти Тоҷикистон, дар айни ҳол варзишгарони тоҷик ба мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон, ки аз 24-ум то 29-уми ноябр дар Қазоқистон баргузор мешавад, омодагӣ мебинанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG