Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маросими видоъ бо аъзои “Локомотив”


Рӯзи 10 сентябр дар канори маҷмааи варзишии “Арена-2000”-и шаҳри Ярославл даҳҳо ҳазор нафар, аз ҷумла сарвазири Русия Владимир Путин барои видоъ бо хоккейбозони дастаи “Локомотив” ҷамъ омаданд.

Се рӯз қабл бар асари суқути ҳавопаймои ЯК-42 бозигарони ҳайати асосӣ ва мураббиёни дастаи “Локомотив” ба ҳалокат расиданд. Ҳавопаймои ЯК-42, ки озими шаҳри Минск буд, зимни бархостан аз фурудгоҳи вилояти Ярославл, воқеъ дар 250-километрии шаҳри Маскав, ба қадри кофӣ баланд нарафт ва ба замин бархӯрд.

Ҳавопаймо, ки дар ҳавои соф суқут кард, дуввумин сониҳаи ҳавопаймоӣ дар соли равон дар Русия аст ва дигарбора мушкилоти амниятӣ дар ҳавопаймоҳои ин кишварро нишон дод. Фоҷиаи ҳавопаймо талафоти бузурге барои хоккейи Русия дониста мешавад.

Зеро аз 45 мусофири ҳавопаймо фақат ду нафар – хоккейбоз Александр Галимов ва раҳбалади ҳавопаймо Александр Сизов зинда монданд. Табибон вазъи онҳоро вахим арзёбӣ мекунанд.



Тими "Локомотив", ки соли 1949 таъсис ёфтааст ва се бор қаҳрамони хоккейи Русия шудааст, бояд рӯзи 9 сентябр дар мавсими нави бозиҳои соли 2011-2012 бо тими "Динамо"-и Минск бозӣ мекард.

Мураббии тим, Бред Макримон, шаҳрванди Канада аст ва дар он чанд бозигар аз Украина, Шветсия, Белорус ва ҷумҳурии Чех бозӣ мекарданд. Дар маҷмӯъ дар ҳавопаймо 11 шаҳрванди хориҷӣ ҳузур доштаанд.

Пас аз ин фалокат, Дмитрий Медведев, раисиҷумҳури Русия дастур дод, ки ҳавопаймоҳои мероси замони Шӯравӣ то замони тафтиши иловагӣ парвоз накунанд ва Русия батадриҷ аз баҳри ин ҳавопаймоҳо хоҳад гузашт.

XS
SM
MD
LG