Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Эрон ду қочоқбари маводи мухаддирро ба дор овехтанд


Дар Эрон ду қочоқбари маводи мухаддир ба дор овехта шуданд. Ба навиштаи хабаргузории ИСНА, эъдом дар зиндони шаҳри Сарӣ, воқеъ дар шимоли Эрон, сурат гирифт.

Хабаргузории Франс Пресс иттилоъ додааст, ки аз аввали соли равон дар Эрон барои ҷиноёти гуногун 186 нафар ҳалқовез шудаанд. Соли гузашта 179 муҷрим аз тариқи овехтан ба дор эъдом шуда буданд.

Дар Эрон барои ҷиноёте чун куштор, таҷовуз ба номус, зино, ғоратгарӣ бо истифода аз силоҳ ва қочоқи маводи мухаддир ҳукми эъдом муқаррар шудааст.
XS
SM
MD
LG