Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Ярославл бо хоккейбозони "Локомотив" видоъ мекунанд


Имрӯз дар канори маҷмааи варзишии «Арена-2000»-и шаҳри Ярославл даҳҳо ҳазор нафар барои видоъ бо хоккейбозон ва мураббиёни дастаи «Локомотив» ҷамъ омаданд.

7 сентбяр бар асари суқути ҳавопаймои ЯК-42 бозигарони ҳайати асосӣ ва мураббиёни дастаи «Локомотив» ба ҳалокат расиданд. Аз 45 мусофири ҳавопаймо фақат ду нафар – хоккейбоз Александр Галимов ва раҳбалади ҳавопаймо Александр Сизов зинда монданд. Табибон вазъи онҳоро вахим арзёбӣ мекунанд.

Барои ширкат дар маросими видоъ сарвазири Русия Владимир Путин ва гурӯҳи бузурги хоккейбозон ба Ярославл омадаанд.
XS
SM
MD
LG