Пайвандҳои дастрасӣ

Дипломатҳои исроилӣ Қоҳираро тарк намуданд


Сафири Исроил дар Миср Исҳоқ Леванон ва дигар кормандони сафорати кишвар бо аҳли хонаводаҳояшон имрӯз шаҳри Қоҳираро тарк намуданд.

Гуфта мешавад, ки баъд аз ҳамла ба бинои сафорати Исроил фақат як дипломат ба хотири музокирот бо мақомоти Миср боқӣ мондаасту халос.

Имрӯз вазорати умури дохилии Миср дар кишвар низоми болои хатарро эълон кард.

Исом Шариф, сарвазири Миср, нишасти оҷили ҳукуматро даъват намуд.

Рӯзи ҷумъа намоишгарон дар Қоҳира ба бинои сафорати Исроил ҳамла карданд. Дар ин ҳодиса, ба иттилоъи хабаргузориҳои маҳаллӣ, 448 нафар, аз ҷумла, 46 корманди полис, ҷароҳатҳои гуногун бардоштанд.

Равобити Исроил ва Миср баъди он тезутунд шуд, ки моҳи гузашта дар як амалиёти нерӯҳои исроилӣ панҷ корманди хадамоти амниятии Миср ба ҳалокат расиданд.
XS
SM
MD
LG