Пайвандҳои дастрасӣ

Тоҷикистон чор моҳ инҷониб дабири Шӯрои амният ва як моҳ боз муовини аввали нахуствазир надорад.

Муддатҳо ба ин ҷониб, Тоҷикистон дабири Шӯрои амният надорад. Дар ҳоле ки ин кишвар баъди 13 сол аз имзои Созишномаи сулҳ бо мухолифон дар соли 1997, дар як соли охир дучори ҷиддитарин чолишҳои амниятӣ будааст.

АМИРҚУЛ АЗИМОВ, дабири Шӯрои амнияти Тоҷикистон дар моҳи майи соли равон вакили Маҷлиси намояндагон интихоб шуд ва то кунун касе ӯро дар Шӯрои амният иваз накардааст. Инчунин, пости муовини аввали сарвазири Тоҷикистон, ки муҳимтарин соҳаи
Амирқул АЗИМОВ, дабири пешини Шӯрои амният, ки ҳоло узви порлумони Тоҷикистон аст

зиндагии имрӯзи Тоҷикистон, яъне сохтмони нерӯгоҳҳоро назорат мекард, низ аз замони даргузашти АСАДУЛЛО ҒУЛОМОВ холист.

Таъхир дар таъйини ин ду мансаби калидӣ дар Тоҷикистонро бархе ба камбуди кадрҳо ва бархе ҳам ба масруфияти беш аз ҳадди раҳбари давлат барои баргузории ҷашни 20-солагии истиқлол ва чанд нишасти сарони кишварҳо марбут медонанд. Онҳо мегӯянд, пушти сар шудани ин маъракаҳо акнун ба президент фурсати андешидан сари масъалаи таъйиноти кадрӣ ба ду пости муҳимро медиҳад.



Вале бархе ҳам ба ин боваранд, ки ҳарду пости муҳим ва ҳассос агар на бо назардошти фикри ҷониби Кремл, ҳадди ақал бо назардошти манфиатҳои он таъйин хоҳанд шуд. Баҳси ду кишвар бар сари бархе масоил ин имконро ба раҳбари Тоҷикистон барои таъйини афрод ба ин мақомҳо намедод.

Зафар АБДУЛЛОЕВ, таҳлилгар
ЗАФАР АБДУЛЛОЕВ, таҳлилгари тоҷик дар ин замина мегӯяд: "Дабири Шӯрои амният ва муовини аввали сарвазири Тоҷикистон, ки барномаҳои энержиро назорат хоҳад кард, ҳарду ҳам шахсиятҳое хоҳанд буд, ки дар музокирот бо ҷониби Русия нақши муҳим ва калидӣ хоҳанд дошт. Аз ин хотир, як навъ машварати Тоҷикистон бо ҷониби Русия, албатта машварати ногуфта, бар сари ин масъала, ки кадом номзаде бештар мақбул хоҳад буд, имкон дорад."

САЙФУЛЛО САФАРОВ, муовини раиси Маркази тадқиқоти стратегии назди раисиҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, таъйиноти афрод ба ин мақомҳо салоҳияти истисноии раҳбари давлат аст ва ӯ бар асоси қонун дар ин масъала бо каси дигаре машварат нахоҳад кард. Ба назари ҷаноби Сафаров, иллати таъхир дар таъйинот ба ин постҳои муҳим, бештар аз ҳама имкон дорад ба интихоби кадрҳои шосита вобаста бошад. Ҳарчанд барномаҳои зиёди давлатӣ, силсиламулоқотҳои президент бо мардум низ метавонад далели таъхир дар ин амр бошад.

Сайфуллоҳ САФАРОВ, муовини раҳбари Маркази тадқиқоти стратегии назди раисиҷумҳури Тоҷикистон
Ӯ мегӯяд: "Як масъалае, ки дар миён аст, ин аст, ки оё кадрҳое, ки ба ин вазифаҳо таъйин мешаванд, метавонанд аз ӯҳдаи вазифаи ба ӯҳдаашон гузошташуда бароянд? Ин масъалаи ҷиддӣ аст, албатта. Шояд ҷустӯҷуи ҳамин гуна кадрҳо бештар вақтро гирифтааст. Масъалаи дигар барномаҳои давлатии ҷашнӣ, кушодани биноҳои зиёд ва нишастҳо буд, ки сардори давлат шабонарӯзӣ кор мекард. Пас аз ҷашнҳо акнун ин масъалаҳо ба ҷои аввал мебароянд ва бояд ҳал шаванд."

Бархе дигар аз таҳлилгарон мегӯянд, дар интихоб ва таъйини кадрҳо ду усули асосӣ мадди назар аст. Яке САДОҚАТСОЛОРӢ ва дигаре ШОИСТАСОЛОРӢ. Раисиҷумҳури Тоҷикистон ба кадрҳое ниёз дорад, ки ҳардуи ин хислатро дошта бошанд, яъне ҳам шоиста ва ҳам содиқ бошанд. Вагарна Тоҷикистон аз кадрҳое, ки фақат яке аз ин дуро соҳиб бошанд, хоса содиқ, кам надорад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG