Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мадрасаи Тӯраҷонзода чӣ гуна Донишкадаи давлатии исломӣ шуд?


Донишкадаи давлатии исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам Абӯҳанифа
Донишкадаи давлатии исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам Абӯҳанифа

Донишкадаи исломии Тоҷикистон чор сол қабл давлатӣ шуда, таҳти итоати Вазорати маориф қарор гирифт.

Аммо ин муассиса то ин ки ба пояи як Донишкадаи давлатии исломӣ бирасад, роҳи тӯлониеро ҳам тай намудааст, ки оғози он ба даврони фурӯпошии Шӯравӣ ва истиқлоли Тоҷикистон рост меояд.

ҲОҶӢ АКБАР ТӮРАҶОНЗОДА, қозии собиқи мусулмонҳои Тоҷикистон, мегӯяд, ин донишгоҳро ҳанӯз дар соли 1990, замоне ки раҳбарии Идораи муфтиёт ё қозиёти кишварро бар дӯш дошт, таъсис додааст. Ҳамон тавре ки ҷаноби Тӯраҷонзода гуфт, он замон раҳбарии ин донишгоҳро бародараш, рӯҳонии маъруф ЭШОНИ НУРИДДИН, ӯҳда мекард.

"Донишкада моҳи сентябри соли 1991 ба кор шурӯъ кард. Дар расми ифтитоҳи он имоми масҷиди Байтуллоҳ, муовини вазири умури хориҷаи вақти Эрон, уламои зиёде аз Покистон ва мансабдорони давлатӣ ҳузур доштанд. Синфхонаҳо аввал дар дохили бинои қозиёт буд",-афзуд ӯ.

Эшони Нуриддини ТӮРАҶОНЗОДА аз нахустин раҳбарони Донишкадаи исломии Тоҷикистон дар оғози даҳаи навади қарни гузашта будааст...
Ин дар ҳолест, ки дар бисёре аз санадҳои расмӣ соли таъсиси Донишкадаи исломии дар гузашта ба номи Имом Тирмизӣ ва ҳоло ба номи Имоми Аъзам 1997 навишта шудааст.

Аммо СУЛАЙМОН ДАВЛАТОВ, масъули бахши равобити хориҷии Донишгоҳи исломии Тоҷикистон, роҷеъ ба замони таъсиси ин донишгоҳ чунин гуфт: “Ба шакли расмӣ дар соли 1990 дар назди идораи динии мусулмонони Тоҷикистон таъсис ёфта буд. Пас аз ҳодисаҳое, ки дар кишвар сурат гирифтанд, муассисаи таълимӣ ба шакли ташкилоти ҷамъитяӣ фаъолият мекард.”

Ойини мадоро
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:15:00 0:00
Линки мустақим


Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода ҳам, ки аз рӯзҳои аввали таъсиси Донишкадаи исломии Тоҷикистон ёдоварӣ мекард, гуфт, бинои кунунии ин муассисаи таълимиро, ки дар гузашта сохтмони ниматамоми як боғчаи бачагона будааст, ба қимати 265 ҳазор доллар аз шаҳрдории вақти Душанбе харидорӣ ва онро дар моҳи сентябри соли 1992 ба истифода додааст. Дар соли нахустини таъсиси Донишкадаи исломии Тоҷикистон, ба гуфтаи ӯ, ҳудуди 1 ҳазору 200 нафар ба он шомил шудаанд, ки 800 нафари онҳо ҷавонмардону наздики чаҳорсад тани дигар духтарон будаанд.

Ҳоҷӣ Акбар ТӮРАҶОНЗОДА, қозии собиқи мусулмонҳои Тоҷикистон
Вале оғози даргириҳои дохилии солҳои навадум дар Тоҷикистон ба сарнавишти ин муассисаи таълимии исломӣ ҳам бетаъсир намемонад. Дар пайи юриши САФАРАЛӢ КЕНҶАЕВ фаъолияти он муддате қатъ ва дубора дар соли 1993 бо усули нав аз сар гирифта мешавад. Он замон дигар Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода ва бародарону пайравонаш дар Тоҷикистон набуданд, балки дар ҳиҷрат қарор доштанд. Худи ҷаноби Тӯраҷонзода ҳам мегӯяд, аз оғози соли 1993 ҳарчанд Донишгоҳ ба фаъолияти худ идома медод ва нафарони дигаре онро идора менамуданд, вале аз вазъияту шароити таҳсил дар ин донишгоҳ дигар хабаре надошт.

Донишкадаи исломӣ, ки то соли 2007 ба унвони муассисаи мустақили таълими дини ислом фаъолият мекард ва аз кӯмакҳои молии кишвару созмонҳои исломӣ, аз ҷумла Бонки исломӣ бархӯрдор буд, бо қарори ҳукумат ба ихтиёри Вазорати маорифи Тоҷикистон гузашт ва ба як муассисаи таълимии давлатӣ табдил шуд. Масъулони Вазорати маориф мегӯянд, муҳассилини ин донишкада дар баробари омӯзиши Қуръону ҳадис ва таърихи дини мубини Ислом бояд аз фанҳои муҳим, аз ҷумла адабиёту фалсафа ва ҳам забонҳои хориҷӣ баҳравар шаванд, то ба унвони як кадри баландихтисос тарбият ёбанд, на ин ки ба унвони як мулло.

Сулаймон Давлатов, масъули равобити хориҷии Донишгоҳи давлатии исломӣ ҳам мегӯяд, ба ихтиёри Вазорати маориф гузаштани ин муассисаи таълими динӣ ба хатмкунандагони он имкон додааст, ки пас аз адои таҳсил ба идораҳои мухталифи давлатӣ ва ё
Мақомоти Кумитаи умури дини Тоҷикистон мегӯянд, ки феълан дар кишвар наздики 20 муассисаи таълимоти динӣ муфаввиз барои фаъолиятро дарёфт кардаанд...

ғайриҳукуматӣ роҳ ёбанд. Зеро ба гуфтаи ӯ, то соли 2007 ҳарчанд фориғуттаҳсилони ин донишкада соҳиби диплом мешуданд, вале дипломашон ба дард намехӯрд. Яъне, онҳо дипломеро мегирифтанд, ки Вазорати маориф онро эътироф намекард.

Ӯ гуфт: “Аз ин ба баъд фориғуттаҳсилони Донишкадаи исломӣ метавонанд озодона тибқи тахассуси худ дар муассисаҳои давлатӣ ва ғайриҳукуматӣ фаъолияташонро пеш баранд. Зеро мадреке, ки ҳоло онҳо мегиранд, аз сӯи Вазорати маорифи кишвар эътироф шудааст. Дуввум чизи муҳиме, ки ҳоло ҳаст, хатмкунандагони донишгоҳ метавонанд таҳсили худро дар марҳалаи магистратура дар дигар донишгоҳҳои кишвар низ идома бидиҳанд.”

Вале тақдири садҳо нафар ҷавон, ки то соли 2007 дар Донишкадаи собиқи исломии ба номи ИМОМ ТИРМИЗӢ таҳсил карда ва соҳиби диплом шудаанд, чӣ хоҳад шуд? Масъули бахши равобити хориҷии Донишгоҳи исломии Тоҷикистон мегӯяд, онҳо роҷеъ ба ин масъала бояд ба Вазорати маориф муроҷиат ва ҳамин тавр мушкили худро бо мақомоти ин ниҳод ҳал бикунанд. Бо ин вуҷуд, ҳоло дар Донишкадаи давлатии исломии Тоҷикистон наздики ҳазору чаҳорсад нафар таҳсили худро идома медиҳанд, ки иддае аз онҳо аз тариқи шартнома ва иддае дигар ҳам аз тариқи буҷавӣ ба он ҷо роҳ ёфтаанд.

Шартномаи таҳсил дар Донишкадаи исломӣ, ки шояд барои аксарият аз донишгоҳҳои камхаридори кишвар ба ҳисоб меояд, то чаҳор ҳазор сомонӣ, муодили бештар аз 800 доллари амрикоиро ташкил медиҳад.

Гимназияи диниву дунявӣ дар Тоҷикистон, ки соли 2009 дар шаҳри Душанбе ба кори худ оғоз бахшид...
Бо ин ҳама масъулони ин донишгоҳ мегӯянд, майли ҷавонони кишвар, бахусус духтарон барои таҳсил дар ин донишгоҳ дар чанд соли ахир афзудааст. Ҳамакнун ба гуфтаи масъулон, дар ин донишгоҳ каме бештар аз 200 духтар ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Яке аз ин духтарон, ки бо рӯсарӣ вориди донишгоҳ мешуд, гуфт, ки ӯро бештар шавқи омӯзиши таърихи дини Ислом ва ҳам омӯзиши забони арабӣ ба ин даргоҳ овардааст. Аммо ӯ мегӯяд, танҳо илми Қуръону ҳадис нест, ки дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон таълим дода мешавад. Ҳоло муҳассилини Донишкадаи исломӣ, ба гуфтаи ӯ, забонҳои хориҷӣ ва ҳам барномаҳои компутариро аз худ мекунанд.

Ҳангоми сӯҳбат бо ин мусоҳиби мо, гурӯҳи духтарони кӯчакеро дидем, ки онҳо низ бо рӯсарӣ мегаштанд. Аммо синну соли онҳо ба духтарони донишҷӯ монанд набуд. Вақте пурсидем, ки дар куҷо таҳсил мекунанд, гуфтанд, ки дар гимназияи назди Донишгоҳи исломӣ мехонанд. Ин гурӯҳи духтарон, ки гуфтанд дар синфи панҷум таҳсил доранд, бо майли худ ба ин гимназия омадаанд, ки ҳам улуми исломӣ ва улуми дунявиро дар як вақт ба онҳо таълим медиҳад. Ҳамчуноне донишҷӯдухтарони Донишкадаи исломӣ ва гимназияи диниву дунявии назди ин донишкада гуфтанд, онҳо бар хилофи донишҷӯдухтарони донишгоҳҳои дигари кишвар дар пӯшидани сатру рӯсарӣ мушкиле надоранд.

Бо ин ҳол, бархе аз соҳибназарони тоҷик мегӯянд, Донишкадаи исломии Тоҷикистон бо вуҷуди он ки зери қаноти давлат қарор дорад, вале то ҳанӯз тавони тарбияи мутахассисони комили динӣ ва дунявиро надорад. САФАРИ АБДУЛҲАҚ, аз коршиносони тоҷик, гуфт, агар дар гузашта дар ин донишгоҳ афроди шинохтаи диниву мазҳабӣ ба тадрис машғул буданд, ҳоло онҳое омӯзиш медиҳанд, ки дар ҷомеа натанҳо шинохта нашудаанд, балки дар риштаи худ ҳам мутахассис нестанд.

Нахустин мактаби дунявӣ-динӣ
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:35 0:00


Ин дар ҳолест, ки садҳо ҷавони тоҷик ба далели заъфи таълим дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон кишварро ба қасди таҳсил дар мадориси динии кишварҳои исломӣ тарк кардаанд. Танҳо дар як соли пеш, пас аз як баёнияи раисиҷумҳури Тоҷикистон, ки таҳсили ҷавонҳои тоҷик дар кишварҳои исломиро ғайриқобили қабул хонд ва гуфт, ки онҳо на мулло, балки террорист мешаванд, гурӯҳе аз ин донишҷӯён ба кишвар бозпас оварда шуданд.

Ахиран давлати Тоҷикистон ҳам қарор содир кард, ки бар пояи он таҳсили ҷавонҳои тоҷик дар мадориси динии кишварҳои исломӣ танҳо пас аз хатми таҳсил дар Донишкадаи исломии кишвар ва дарёфти иҷозаи хаттӣ аз Вазорати маорифу Кумитаи дин имконпазир хоҳад шуд. Қароре, ки интизор меравад Донишкадаи исломиро дар солҳои наздик ба яке аз донишгоҳҳои серхаридор дар Тоҷикистон табдил диҳад. Зеро аксари волидоне, ки намехоҳанд бо мақомоти интзомӣ вориди мушкил бишаванд, ҳатман фарзандони худро ба Донишкадаи давлатии исломӣ оварда ва аз он ҷо ба мадориси динии кишварҳои исломӣ интиқол хоҳанд дод.
XS
SM
MD
LG