Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print
Шабакаҳои иҷтимоӣ

Ҳимояти як донишманди амрикоӣ аз пайравони Ислом


Ба назари ҷомеашиноси амрикоӣ дар миёни 1 миллиард мусулмон шояд 0,0001 дарсад даҳшатафкан бошад.

Аз замони ҳамлаҳои террористии 11 сентябри соли 2001 фарзияи донишманди амрикоӣ Самюэл Ҳантингтон дар бораи ҳатмӣ будани “Ҷанги тамаддунҳо”, яъне бархӯрди Ислом ба Масеҳият пуштибонии
Маводи интернетии даъват ба ҷиҳод ба миллионҳо нафар дастрас аст, вале шумораи он афроде, ки ин матлабҳоро хонда ва дар пайи иҷрои дастури онҳо шудаанд, фавқулода кам мебошад...

зиёде касб намудааст. Устоди донишгоҳи Ҳарварди ИМА Ҳантингтон ҳамлаҳои ал-Қоидаро бахше аз ҷиҳод бар зидди Ғарб унвон додааст.

Аммо дар арафаи даҳумин солгарди ҳамлаҳои террористӣ болои шаҳрҳои Амрико ҷомеашиноси донишгоҳи Каролинаи Шимолӣ Чарлз Карзман китоберо бо номи "Шаҳидони гумном. Чаро шумори террористони мусулмон зиёд нест?" ба нашр расонида, таъкид кардааст, ки фарзияи “ҷанги тамаддунҳо” дуруст нест.

Вай тасдиқ мекунад, ки дар давоми даҳ соли гузашта барои баъзеҳо вожаи мусулмон мисли даҳшат садо медод, вале ҳамзамон ӯ ёдрас мекунад, ки дар байни як миллиард мусулмон шояд сифру аз ҳазор як дарсад (0,0001%) даҳшатафкан бошад.

Ҷомеашиноси донишгоҳи Каролинаи Шимолӣ меафзояд, дар Ғарб бисёриҳо ба ин боваранд, ки мусулмонон аз террористон пуштибонӣ мекунанд. Ба ақидаи ӯ, сабаби чунин эътиқод телевизионҳо ва расонаҳо ҳастанд, ки одатан аз раҳпаймоиҳову ҷамъомадҳои ифротгароҳои исломӣ аксу навор намоиш медиҳанд.

10 сол пас аз ҳамлаҳои террористии 9/11 дар Амрико



Вай бо ишора ба сомонаҳои интернетии шабакаҳои ифротгарои исломӣ таъкид мекунад, ки аксари кулли мусулмонон мухолифи даҳшатафканӣ мебошанд. Ӯ меафзояд: "Тибқи назария маводи интернетии даъват ба ҷиҳод ба миллионҳо нафар дастрас аст, вале шумораи он афроде, ки ин матлабҳоро хонда ва дар пайи иҷрои дастури онҳо шудаанд, фавқулода кам мебошад."

Карзман хотирнишон мекунад, ки вобаста ба мизони хушунати ҷунбишҳои даҳшатафкани исломӣ дастгирии мардуми ҷамоаҳои осебдида аз ин ҷунбишҳо заиф мегардад ва ҳадафи террористон, яъне ҷой додани тарс дар дили мардум, баръакс, боиси рад шудани даҳшатафканон ва василаҳои муборизаи онҳо шудааст.

Бо ишора ба инқилобҳои ахири мамолики арабӣ ва аз ҷумла Мисру Тунис Карзман исрор меварзад, ки мардуми мусулмон роҳи муқовимати осоиштаро пеш гирифтааст: "Агар ҷунбишҳои оташини Ховари Миёна ва аслан Баҳори Арабро муқоиса кунем, ба назар мерасад, ки ҷунбишҳои осоиштаи демократӣ дар зеҳни мусулмонони ҷавони саросари олам ҷо гирифтаанд. Аз ин ҷост, ки ал-Қоида ва гурӯҳҳои дигари террористӣ ин ҷунбишҳоро барои худ хатар медонанд."

Карзман мегӯяд, ӯ ба ҳеҷ ваҷҳ аз террористон пуштибонӣ намекунад. Ба қавли ин донишманд, ӯ ҳамроҳ бо онҳоест, ки дар ин ҳамлаҳо азизонашонро аз даст додаанд. Дар поёни китоби худ ҷомеашиноси донишгоҳи Каролинаи Шимолӣ Чарлз Карзман изҳори умед кардааст, ки ёди қурбониҳои ҳамлаҳои даҳ соли пеш боис хоҳад шуд, ки аҳли олам ба такрори чунин даҳшат роҳ надиҳад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG