Пайвандҳои дастрасӣ

Сердюков: "Русия барои пойгоҳаш ба Душанбе пул намедиҳад"


Анатолий СЕРДЮКОВ, вазири дифои Русия

Анатолий СЕРДЮКОВ, вазири дифои Русия

Анатолий Сердюков мегӯяд, Тоҷикистон барои будубоши пойгоҳи Русия 300 миллион доллар талаб накардааст.

Вазорати дифои Тоҷикистон гуфт, баррасии будубоши пойгоҳи низомии 201-Русия дар қаламрави ин кишвар бар пояи тавофуқоти раҳбарони ду ҷониб идома хоҳад кард.
Русия барои Тоҷикистон беҳтарин муттафиқи низомӣ аст, аммо ҳузури бузургтарин пойгоҳи низомияш вуруди сармояи хориҷиро ба Тоҷикистон кунд мекунад...


ФАРИДУН МУҲАММАДАЛИЕВ, сухангӯи Вазорати дифоъ ба Радиои Озодӣ гуфт, музокирот сари шароити ҳузури ин пойгоҳ дар чаҳорчӯби ҳайатҳои вазоратҳои дифои ду кишвар идома дорад ва то анҷоми ин гуфтушунид қазовати рӯи натиҷаҳои он бармаҳал аст.

Ин дар ҳолест, ки рӯзи ҷумъа (9 сентябр) вазири дифои Русия АНАТОЛИЙ СЕРДЮКОВ эълом дошт, ки тарҳи созишномаи тамдиди мӯҳлати будубоши пойгоҳи 201-и Русия дар Тоҷикистон то охири соли ҷорӣ ниҳоӣ хоҳад шуд.





Ӯ сарусадоҳо дар бораи онро, ки Тоҷикистон барои будубоши ин пойгоҳ 300 миллион доллар талаб дорад, рад карда, гуфт, пойгоҳи низомӣ ройгон ҳузури худро идома медиҳад, аммо бар иваз Русия ба Тоҷикистон кӯмаки низомиву фаннӣ хоҳад кард. Қаблан расонаҳои
Фаридун МУҲАММАДАЛИЕВ, сухангӯи Вазорати дифои Тоҷикистон

русӣ иттилоъ дода буданд, ки Русия бар ивази иҷорапулӣ барои пойгоҳи 201 ба маблағи 1 миллиард доллари амрикоӣ артиши Тоҷикистонро мусаллаҳ хоҳад кард.

Дар ҳамин ҳол, АМРУЛЛОИ СОБИР, коршинос дар умури амниятӣ мегӯяд, пардохти иҷорапулӣ барои ҳузури пойгоҳ бояд ҳатмӣ бошад: "Ин ки вазири дифои Русия мегӯяд, ҳузури пойгоҳ ройгон хоҳад буд, мантиқӣ нест. Зеро ҳам ҳукумат ва ҳам мардуми Тоҷикистон ин иҷорапулиро таваққӯъ доранд. Далели дигар ин аст, ки дар таҷрибаи байнулмилалӣ ҳузури низомии як кишвар дар кишвари дигар бояд пардохт карда шавад. Ин кишварҳо ҳам ҳаққи иҷора медиҳанд ва ҳам кӯмакҳои низомиву фаннӣ мекунанд."

Ҷаноби Собир гуфт, Русия барои Тоҷикистон беҳтарин муттафиқи низомӣ аст, аммо ҳузури бузургтарин пойгоҳи низомии хориҷиаш вуруди сармояи хориҷиро ба Тоҷикистон кунд мекунад. Иддае дигар аз коршиносон ҳузури ройгони пойгоҳи низомии 201-ро воқеӣ медонанд, зеро ин пойгоҳ барои пойдории истиқлолият ва давлатдории Тоҷикистон саҳми бузург дошту ҳоло ҳам дорад.

Иззат АМОН, таҳлилгари умури сиёсӣ
Ба қавли онҳо, таҳдидҳои амниятӣ аз Афғонистону Узбакистон заминаҳо барои мавҷудияти ин пойгоҳ дар Тоҷикистонро ҳамвор кардаанд. Аммо ИЗЗАТ АМОН, коршиноси тоҷики муқими Маскав мегӯяд, Русия танҳо кишваре нест, ки мехоҳад дар Тоҷикистон ҳузури низомӣ дошта бошад: "Ҳузур дар Тоҷикистон барои Русия аз ҷиҳати геополитикӣ хеле муҳим аст, бахусус, дар марзҳояш бо Афғонистон. Таври маълум, дар минтақа як гуна набарди қудратҳо идома дорад. Ба шумули Русия Амрикову Чин ҳам ҷойи пой мустаҳкам мекунанд."

Коршиносон мегӯянд, барои Тоҷикистон Русия танҳо интихоб нест ва дар ҳоли қабул надоштани шартҳояш комилан ҳақ дорад ба ҳузури низомии дигар қудратҳо рӯ оварад. Пойгоҳи низомии 201, то соли 2004 дивизияи 201-и тирандозии Русия аз замони Шӯравӣ ба ин сӯ дар Тоҷикистон ҳузур дорад. Баъд аз эъломи истиқлолият музокироте бо мақомоти рус дар бораи ба ихтиёри Тоҷикистон гузаштани ин пойгоҳ матраҳ буд, аммо бо мухолифати Узбакистон ва ба дунболи он ҷанги дохилӣ баҳси ин пойгоҳ ба итмом расид ва дар ихтиёри Русия монд.

Ҳукумати ҷадиди Тоҷикистон дар соли 1992 низ дигарбора ба ин баҳс барнагашт ва солҳои 90 ҳузури ин пойгоҳро то соли 2013 тамдид кард. Дар ин миён ҳукумати Тоҷикистон барои будубоши он, тибқи иттилои расонаҳо, 300 миллион доллари амрикоӣ талаб кард. Ибтидои моҳи равон пас аз мулоқот бо ҳамтои тоҷикаш Дмитрий Медведев, раисҷумҳури Русия эълон дошт, ки пойгоҳи низомии 201 то 49 соли дигар дар Тоҷикистон хоҳад монд. Аммо иддае аз қишрҳои рӯшанфикри Тоҷикистон ин изҳороти раисиҷумҳури Русияро таҳқири мардуми Тоҷикистон хонданд ва тақозо карданд, ки ин мӯҳлат то 7 сол кӯтоҳ карда шавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG