Пайвандҳои дастрасӣ

Дар шаҳри русии Ярославл ба нишони бузургдошти хотири қурбониҳои сонеҳаи ҳавопаймое, ки 43 нафар, аз ҷумла қариб ҳама аъзои дастаи ҳоккейбозони маҳаллиро куштааст, се рӯзи моташ шурӯъ шуд. Фоҷеа рӯзи 7 сентябр, дар 250-километрии Маскав ба ҳангоми суқути ногаҳонии ҳавопаймое, ки тоза аз замин канда шуд, рух дод. Сергей Вахруков, мири шаҳри Ярославл дар як нишасти матбуотӣ гуфт, ки тими ҳоккейбозон барои сокинони маҳаллӣ азизу ошно буданд:

“Дарди мардуми Ярославл аз ҳалокати тими ҳоккей хеле амиқ аст. Мавҷи беохири ҳаводорон ба ҷониби варзишгоҳ рафта гулгузорӣ мекунанд. Барои мо ин фақат як тими дӯстдоштаи ҳоккей набуд, барои аксари сокинони Ярославл ин бахше аз зиндагии ҳамарӯзаашон буд”.

Бозингарон ва мураббиёни кушташуда аз дасти кам ҳашт кишвари ҷаҳон муаррифӣ мекарданд, аз ҷумла, Беларус, Канада, Ҷумҳурии Чех, Олмон, Латвия, Русия, Словакия ва Украина. Дар ҳоле, ки иллати суқути ҳавопаймо мушаххас нест, президент Дмитрий Медведев ҳолати хароби амнияти ҳавоии кишварро интиқод кард.
XS
SM
MD
LG