Пайвандҳои дастрасӣ

Мулоқоти мухолифини Сурия бо мақоми русӣ


Раҳбарони мухолифини Сурия ба як мақоми баландпояи Русия гуфтанд, интизоранд, ки Маскав дар амри ҳалли бӯҳрони сиёсии кишварашон, ки дар паи эътирозҳои зиддиҳкуматӣ сар задааст, нақши фаъолтаре бозӣ хоҳад кард. Ҳайати Сурия имрӯз дар Маскав бо Михаил Маргелов, фиристодаи президент Медведев дар минтақа мулоқот карданд. Русия мухолифи қабули қатъномаи СММ аст, ки аз ҷониби давлатҳои Аврупову Амрико пуштибонӣ ёфта ҷорикунии таҳрими аслиҳаву дигар бахшҳоро болои Сурия дар назар мегирад. Дар сурати таҳримҳо, эҳтимоли такроршавии сарнавишти Либия дар Сурия зиёд мешавад. Бар иваз, Русия аз Башор Асад даъват кард, ки аз хушунат даст кашида бо мухолифин сари мизи гуфтугӯ нишинад. Қарор аст, рӯзи душанбе мулоқоти Маргелов бо президент Асад баргузор шавад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG