Пайвандҳои дастрасӣ

ISAF куштори хабарнигори BBC-ро эътироф кард


Акс аз ВВС

Акс аз ВВС

Нирӯҳои байналмилалии кӯмаки амниятии таҳти раҳбарии НАТО дар Афғонистон эътироф карданд, ки яке аз сарбозони онҳо хабарнигори шабакаи бритониёии садову симо – BBC-ро моҳи июл ба таври иштибоҳӣ куштааст. Дар як изҳорот эътилофи ISAF гуфт, ки сарбоз Аҳмад Умед Хпулваки 25-соларо як шӯришӣ пиндошта ба сӯяш тир холӣ кардааст. Дар ин изҳорот омадааст, ки сарбози амрикоӣ «мутобиқ бо қонуни ҷанг ва бо назардошти паёмадҳои он» амал кардааст. Хпулвак яке аз 21 қурбонии ҳодисаи рӯзи 28 июл буд, ки ҳангоми аз ҷониби шӯришён таркидани мошине дар сохтмони расмии Тринкот, маркази вилояти Урузгон ҳадафи тир қарор гирифт.
XS
SM
MD
LG