Пайвандҳои дастрасӣ

Обама барномаи нави коҳиши бекориро дар ИМА муаррифӣ кард


Президенти Амрико Барак Обама дар баробари Конгресс нақшаи эҷоди ҷойҳои нави корӣ дар кишварро бо арзиши 450 миллиард доллар муаррифӣ кард. Барномаи мазкур коҳиши молиёту хароҷоти сохтмон ва инчунин ироаи пули бештар барои бекоронро дар назар мегирад. Обама чунин гуфт:

«Ҳадафи қонун дар бораи ҷойҳои нави кории Амрико хеле содда аст. Мехоҳем мардуми бештарро бо кор таъмин карда ба ҳамёни коргарони дигар пули бештар ворид кунем. Барои сохтмончиён, муаллимон, ветеранҳои ҷанг ва онҳое, ки дарозмуддат бекор ҳастанд, ҷойҳои бештари корӣ эҷод мешаванд».

Обама гуфт, ин қарор иқтисоди кишварро такон медиҳад ва аз аъзои Конгресс даъват кард, ки бидуни таъхир ва сиркбозиҳои сиёсӣ онро қабул кунанд. Моҳи август мизони бекорӣ дар ИМА 9,1 дар сад ҳисоб шудааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG