Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазири дифои Русия мегӯяд, ки пойгоҳи низомӣ ба таври ройгон дар Тоҷикистон мустақар мешавад


Тарҳи созишномаи тамдиди мӯҳлати ҳузури пойгоҳи 201-уми Русия дар Тоҷикистон то охири соли ҷорӣ таҳия ва такмил хоҳад шуд, гуфт дар изҳороте Анатолий Сердюков, вазири мудофеаи Русия. Зимни сӯҳбат бо намояндагони матбуот дар шаҳри Нижний Тагил вай гуфт, ки тарҳи байнидавлатӣ шароити “ба таври ройгон” мустақар кардани пойгоҳи низомиро дар назар хоҳад гирифт. Вай гуфт, ки “Русия ба Тоҷикистон кӯмаки низомиву фаннӣ ироа хоҳад кард”. Сердюков овозаҳоро дар матбуоти русӣ рад кард, ки гӯё Тоҷикистон хоҳони 300 миллион доллар пули иҷораи пойгоҳ мебошад. “На, онҳо дигар ингуна дархосте намекунанд”, гуфт вазири дифои Русия. Зимни сафари давлатии Дмитрий Медведев ба Тоҷикистон, раҳбарони Русия ва Тоҷикистон ба тавофуқ расиданд, ки то баҳори соли оянда созишномаи тамдиди мӯҳлати ҳузури пойгоҳи низомии Русияро дар хоки Тоҷикистон ба муддати 49 сол имзо хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG