Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

НАТО гуфт, сарбозаш хабарнигори Би-би-сиро куштааст


Нерӯҳои байналмилалии кӯмаки амниятӣ ба Афғонистон ба раҳбарии НАТО эътироф кард, ки як сарбози он хабарнигори маҳаллии Би-би-сиро моҳи июл дар Афғонистон куштааст. Дар баёнияи расмии НАТО омадааст, ки сарбози амрикоӣ, Аҳмад Умед Хпулвакро, шӯришӣ пиндошта, куштааст. Ба гуфтаи нерӯҳои эътилофӣ, ин сарбози амрикоӣ “бо риояти муқаррароти ҷангӣ ва таҳти шароити мавҷуд мантиқӣ амал кардааст.” Аҳмад Хпулвак дар миёни 21 нафаре буд, ки рӯзи 28 июл дар як даргирӣ миёни шӯришиён ва нерӯҳои байналмилалӣ дар наздикии шаҳри Тринкот маркази вилояти Урузгон кушта шуданд.
XS
SM
MD
LG