Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

"Доғи бузург" дар корномаи нерӯҳои Бритониё


Таҳқиқоти мустақил дар Бритониё ба ин натиҷа расидааст, ки дар соли 2003 сарбозони бритониёӣ дар ҷануби Ироқ як ғайринизомии ироқиро “беасос ва бераҳмона” латукӯб карда ва куштаанд. Бино ба ин таҳқиқот, марги корманди меҳмонхона Баҳо Мӯсо дар боздоштгоҳи нерӯҳои Бритониё, дар корномаи нерӯҳои мусаллаҳи ин кишвар “як доғи бисёр бузург” гузоштааст. Баҳо Мӯсои 23-соларо сарбозони бритониёӣ ҳангоми ҷӯстуҷӯи аслиҳа ва шӯришиён ҳамроҳ бо 9 тани дигар дар меҳмонхонае дар шаҳри Басра боздошт карданд ва сипас ба ҳадде задаанд, ки баъди ду рӯз даргузаштааст. Дар бадани Баҳо Мӯсо падари ду фарзанд, осори 96 ҷароҳат аз ҷумла биниву қабурғаҳои шикаста ва варами зиёд мушоҳида шудааст. Ин таҳқиқотро давлати пешини Бритониё дар соли 2009 бо ҳидояти як додрас барпо кард ва барои ин 20 миллион доллар харҷ шудааст.
XS
SM
MD
LG