Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барак Обама барномаи нави иқтисодиро муаррифӣ кард


Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико барномаи ҳукуматаш барои таъсиси ҷойҳои нави кориро муаррифӣ кард. Бастаи кӯмакии 450 миллиардолариро Барак Обама дар нишасти муштараки Конгреси Иёлоти Муттаҳида муаррифӣ кард, ки коҳиши молиёт, хароҷот барои сохтмон ва кӯмакҳои молии бештар барои бекорон ва иёлатҳои муаяйнро дар бар мегирад. Барак Обама гуфт: “Ҳадафи барномаи кори Амрико содда аст, яъне бозгардонидани афроди бештар ба ҷойи кор ва додани пули бештар ба онҳое, ки кор мекунанд. Ин барнома барои кормандони арсаи сохтмон, омӯзгорон, собиқадорон ва онҳое, ки муддати тӯлонӣ бекор буданд, ҷойҳои нави корӣ меофарад." Раиси ҷумҳури Амрико афзуд, ин барнома иқтисоди кишварашро “такон” хоҳад дод ва аз вакилони конгресс хост, “найрангбозиҳои сиёсиашонро” поён дода, барномаи мазкурро бидуни таъхир тасвиб кунанд. Коҳиши мизони бекорӣ дар Амрико ба 9,1 дар сад расидааст, як шанси муҳим барои интихоби дубораи Обама дар интихоботи соли 2012 дониста мешавад.
XS
SM
MD
LG