Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Долларҳои сохта ва ё ҷаълӣ дар Афғонистон


Саррофони шаҳри Кобул пойтахти Афғонистон мегӯянд, сели долларҳои сохта мояи нигаронии онҳо шудааст. Аминулло Виҷдон, узви Иттиҳодияи саррофони Кобул ба Радиои Афғонистони Озод гуфт, ахиран чандин маротиба ба саррофон барои мубодила долларҳои ҷаълӣ овардаанд, вале саррофон аз ин кор огаҳ шуда ба маъмурони амниятӣ хабар кардаанд. Ба гуфтаи Аминулло Виҷдон пулҳои ҷаълиро аз кишварҳои ҳамсояи Афғонистон ворид кардаанд: “Долларҳои ҷаълӣ аз Покистону Эрон барои мо омадааст. Пулис бояд дар сарҳадот монеъи вуруди пулҳои ҷаълӣ шавад ва намонад, ки пулҳои ҷаълӣ вориди хоки Афғонистон шавад.” Бонки Миллии Афғонистон дар ин замина то кунун шарҳе надодааст.
XS
SM
MD
LG