Пайвандҳои дастрасӣ

Зиндониёни қазоқро "сабзу кабуд ва сиёҳ" мекунанд


Мақомоти Қазоқистон барои зиндониён либоси ягонаи нави рангаеро офаридаанд, ки дар сурати фирор боздошти онҳоро осон мекунад. Самол Ғадилбекова, намояндаи вазорати адлияи Қазоқистон, ба бахши қазоқии Радиои Озодӣ гуфт, бар асоси дастури нав, тамоми маҳбусони зиндони низоми маъмулӣ либоси сабз, низоми шадид, либоси кабуд ва низоми фавқуллода шадид, либоси сиёҳ хоҳанд дошт. Ин либосҳо ҳамчунин дар шаб рӯшаниро инъикос мекардаанд, ки ба маъмурони амниятӣ имкон медиҳад, зиндонии фирориро ба осонӣ пайдо ва боздошт кунанд. Либосҳои мазкур аз ҳоло дар миёни маҳбусони Қазоқистон тақсим шудааст.
XS
SM
MD
LG