Пайвандҳои дастрасӣ

Агар Аҳмадшоҳи Масъуд зинда мебуд...


Аҳмадшоҳи МАСЪУД

Аҳмадшоҳи МАСЪУД

Бо гузашти солҳо чеҳраи ӯ дар зеҳни мардум ҳамоно поку беғаш аст, ҳарчанд бархе мегӯянд, "як ҷангсолор буд."

Даҳ сол пеш, дар остонаи ҳуҷуми террористӣ ба Амрико Аҳмадшоҳи Масъуд, яке аз фармондеҳони пурҷозибаи Афғонистон ва яке аз раҳбарони эътилофи зидди Толибон қурбони сӯиқасди даҳшатафканҳои ал-Қоида шуд.
Мардум ҳамеша аз Масъуд ёд мекунанд ва ба ӯ арҷ мегузоранд. Барои ба ёд овардани ӯ мо ба ягон солгард ниёз надорем...

Марги Масъуд ва ба дунболи он ҳуҷуми террористии ал-Қоида ба Амрико вазъи Афғонистонро куллан дигар кард. Дар пайи шурӯи амалиёти зидди терористии Иёлоти Муттҳаида ба Афғонистон ҳукумати Толибон шикаст хурд ва қудрат ба дасти ҳукумати нав гузашт.

"МАСЪУД САЗОВОРИ РАЁСАТҶУМҲУРӢ БУД"

Бо он ки 10 сол Шери Панҷшер, Аҳмадшоҳи Масъуд дар қайди ҳаёт нест, вале шӯҳрати ӯ, қиссаҳои мардонагии ӯ умри кӯтоҳашро бардавом кардаанд. Аммо як лаҳза тасаввур кунед, ки агар Масъуд кушта намешуд, таҳаввулоти Афғонистон ба чӣ шакл ҷараён мегирифт?

Аҳмад Саидӣ, дипломати собиқ ва коршиноси умури Афғонистон мегӯяд: “Ман бовар дорам, ки Масъуд ба ҳузури эътилофи байналмилалӣ бо сарварии Амрико дар Афғонистон мухолифат намекард. Ӯ бо дарки вазъият бо онҳо ҳамкорӣ мекард. Мисли фармондеҳони дигар, ки аз давлатҳои мушаххас дастгирӣ ёфтаанд, Масъуд низ медонист, бо қудратҳои хориҷӣ чӣ гуна бархӯрд кунад.”

Ҷаноби Саидӣ бо ишора ба ҷанҷолҳои фасодкорӣ дар Афғонистон мегӯяд, баъзе шарикони Масъуд дар Эътилофи Шимол баъди соҳиб шудан ба мақомҳои баланд дар ҳукумати Афғонистон худро бо фасоду ҷиноят ва суистифода аз мақом олуда ва обрӯи худро доғдор карданд.

“Ман бовар дорам, ки Масъуд худро бо ин чиркинӣ олуда намекард. Аммо оё метавонист пеши роҳи шариконашро бигирад? Бисёр чиз ба ҳамин бастагӣ медошт,” -- мегӯяд собиқ дипломати афғон Аҳмад Саидӣ.


Аксари афғонҳо Аҳмадшоҳи Масъудро, ки ҳамагӣ 48 сол умр дидааст, ҳамчун қаҳрамони ҷанг ва фармондеҳи ҳарбӣ мешиносанд, на раҳбари сиёсӣ. Агар ӯ зинда мебуд, оё метавонист мисли фармондеҳони дигар ба сиёсат ворид шавад ва барои худ мақоми баланди давлатӣ талаб кунад, кореро, ки аксар фармондеҳони муҷоҳидин баъди суқути Толибон карданд?

“Масъуд орзу мегард, ки ба зиндагии мулкӣ баргардад.”
– мегӯяд журналисти афғон ва дӯсти Масъуд, Сиддиқулло Тавҳидӣ. “Аммо онҳое, ки мехостанд ӯро дар мақоми баланди давлатӣ бубинанд, кам намебуданд.”

Ҷаноби Тавҳидӣ меафзояд: “Ӯ ҳамеша дар сӯҳбатҳояш бо хабарнигорон мегуфт, агар ҷанг тамом шавад, ҳатман ба Донишгоҳи политехникӣ, ки таҳсилаш дар он нотамом монда буд, бармегардад. Ӯ ояндаи худро дар касби муҳандиси мулкӣ медид. Ин як орзуи шахсии ӯ буд. Аммо ба назари ман Масъуд мақоми раёсати ҷумҳурро сазовор буд.”


УМРИ КӮТОҲИ ШАХСИЯТИ МОНДАГОР

Фармондеҳи тоҷик Аҳмадшоҳ Масъуд дар шаҳри Баҳораки дараи Панҷшер, дар оилаи сарҳанг ба дунё омад, вале дар Кобул бузург шуд. Ӯ баъди хатми мактаби фаронсавии “Ал Истиқлол”- и Кобул таҳсилро дар Донишгоҳи политехникӣ идома дод ва дар ҳамин ҷо ба созмони Лигаи Ҷавонони Мусалмон аъзо ва тадриҷан ҷанговари чирикӣ шуд.

Масъуд дар соли 1992, замоне ба Кобул баргашт, ки нирӯҳои муҷоҳидин ҳукумати коммунистии президент Наҷибуллоҳро сарнагун карданд. Масъуд ба мақоми вазири дифоъ таъйин шуд. Аммо дуру дароз вазирӣ накард, зеро ҳукумати

муҷоҳидин дар заминаи задухӯрдҳои дохилӣ аз ҳам пошид. Соли 1996, вақте, ки Толибон ҳуҷуми густардаеро ба самти пойтахт шурӯъ карданд, Масъуд ба минтақаи шимолушарқ кӯчид. Ба зудӣ дараи Панҷшер ба ягона минтақае табдил шуд, ки ба Толибони тундрав муқовимат мекард.

УСТУРАҲОИ ШЕРИ ПАНҶШЕР

Ҳарчанд президент Карзай дар соли 2002 Масъудро Қаҳрамони Миллии Афғонистон эълон кард, аммо зодгоҳи ӯ дараи Панҷшер ва маҳалҳои ҳамсояи он манотиқе буданд, ки ҳамеша ки аз Масъуд пуштибонӣ мекарданд ва хотироти ӯро то ба имрӯз пос медоранд. Акси Масъуд бо кулоҳи машҳураш ҳоло низ дару тирезаи хонаҳо, макотиб ва мағозаҳоро оро медиҳад.

“Исми Масъуд машҳуртарин ва дилхоҳтарин ном барои бачаҳост,”-- мегӯяд фаъоли ҳуқуқи башар ва сокини Панҷшер Марями Панҷшерӣ.

“Мардум ҳамеша аз Масъуд ёд мекунанд ва ба ӯ арҷ мегузоранд. Барои ба ёд овардани ӯ мо ба ягон солгард ниёз надорем. Масъуд ҳамеша дар ёди мо ҳаст.”



Ба бовари хонуми Панҷшерӣ, агар Масъуд кушта намешуд, бидуни шубҳа, дар мушаххас кардани сарнавишти ояндаи Афғонистон нақши калидӣ медошт.

Марями Панҷшерӣ мегӯяд: “Имрӯз тавре эҳсос мешавад, ки Афғонистон гӯӣ соҳиб надорад. Ин кишвар сулҳу оромиш надорад. Агар сулҳ дар гӯшае пойдор шавад, низоъ дар гӯшаи дигар сар мезанад. Хориҷиҳо ба умури Афғонистон дахолат мекунанд. Агар Масъуд зинда мебуд, ба ин корҳо роҳ намедод.”

НАЗАРИ МУТАФОВИТИ МУНАҚҚИДОН

Назари ҷонибдорон ва мунаққидони Аҳмадшоҳ Масъуд аз ҳам шадидан тафовут дорад. Дар ҳоле, ки бахше аз мардум ба ӯ ҳамчун ба як қаҳрамон арҷ мегузоранд, мунаққидонаш мегӯянд нирӯҳои муҷоҳидин, бо шумули Ҷамоати исломии Масъуд буд, ки Кобулро мушакборон ва ҳазорон мулкиро қурбон кард.

Шукрия Борикзай, журналист ва сиёсатмадори афғон мегӯяд, “Масъуд барои ман яке аз фармондеҳони муҷоҳидин аст, ки шаҳри маро бомбаборон карданд.”


Борикзай ба суоле, ки агар Масъуд зинда мебуд, ҳоло чӣ нақше медошт, гуфт, “Масъуд фармондеҳи моҳири ҳарбӣ буд. Аммо вақте ҷанг тамом мешавад, раҳбаре муҳим аст, ки тавони тамдиди сулҳ ва бозсохти ин кишвари ҷангзадаро дорад. Ман намедонам, ки дар ин самт чӣ коре аз дасти Масъуд меомад.”

Баъзеҳо дар Афғонистон мегӯянд афсонаи Масъуд ҳамеша зинда хоҳад буд, зеро ӯ дар авҷи муборизоташ бар зидди толибони тундрав кушта шуд, ки Афғонистонро ба торикистон мекашиданд.

“Масъуд қаҳрамони ҷовидон аст ва аз ӯ ҳамеша ҳамчун аз як ҷангвари ҷаззобу ҷасур ёд хоҳанд кард, ки барои сулҳ ҷангидааст,”- мегӯяд Сиддиқулло Тавҳидӣ, дӯсти фармондеҳ Аҳмадшоҳи Масъуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG