Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия мехоҳад, дар низои Сурия миёнаравӣ кунад


Як мақоми аршади Русия гуфтааст, бо ҳарду тарафи низоъ дар Сурия мулоқот ва ба ҳалли сиёсие кӯмак хоҳад кард, ки тибқи он президенти Сурия, Башор Асад дар сари қудрат боқӣ бимонад. Михаил Маргелов мегӯяд, вай рӯзи ҷумъа дар Маскав бо намояндагони мухолифони Сурия ва сипас, рӯзи душанбе бо фиристодаи раисиҷумҳури Сурия Бузайна Шаъбон дидору гуфтушунид хоҳад кард. Маргелов, фиристодаи президенти Русия дар умури Ховари Миёна ба хабарнигорон дар Маскав гуфт, талош хоҳад кард, ба тарафҳои сурёнӣ бифаҳмонад, ки ҳанӯз имкони муколама аз даст нарафтааст. Дар ин байн, раисиҷумҳури Эрон, Маҳмуди Аҳмадинажод, аз ҳамтои сурёнии худ, Башор ал-Асад даъват кард, аз саркӯби норозиён даст бардорад ва бо мухолифонаш вориди гуфтугӯ шавад.
XS
SM
MD
LG