Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мақомоти афғон мавҷудияти шиканҷаро рад карданд


Ноиби вазири адлияи Афғонистон иттиҳомоти шиканҷа шудани маҳбусон дар боздоштгоҳҳои кишварашро рад кард. Муҳаммадқосим Ҳошимзай гуфт, дар маҳбасҳои кишвараш меъёрҳои қонун ва ҳуқуқи байнулмилалӣ ҳокиманд. Ин дар ҳолест, ки чунин маълумот аз гузориши дар ҳоли таҳияи Созмони Милал таровиш ёфтааст ва гуфта мешавад, нерӯҳои НАТО дар Афғонистон бояд аз интиғқоли боздоштшудагон ба маҳбасҳои Афғонистон худдорӣ намоянд. Радиои Би-би-сӣ мегӯяд, дар гузориш мавридҳои зиёдаи аз латукӯби маҳбусон ва бо нерӯи барқ азият додани онҳо аз тарафи хадамоти амният ва полиси Афғонистон сабт шудаанд.
XS
SM
MD
LG