Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷалби таваҷҷӯҳи Э.Раҳмон ба амнияти парвозҳои дохилӣ


Дар ҳамин ҳол гурӯҳе аз шаҳрвандони Тоҷикистон аз раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон хостаанд, ба амнияти парвозҳо дар дохили кишвар таваҷҷӯҳ кунад. Даҳҳо нафаре, ки ин номаро имзо кардаанд, худро намояндагони ҷомеаи соҳибкорӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ ва байнулмилалӣ ва васоити ахбори ом номида, мегӯянд, масъалаҳое монанди амнияти парвоз, дастрасии мардум ба истифода аз ҳавопаймоҳо ва мурооти қоидаҳои парвоз ба мушкилоти рӯз табдил ёфтаанд. Онҳо афзудаанд, дар 40 соли гузашта барои парвозҳои дохилӣ ягон ҳавопаймои нав харида нашудааст, вазъи техникии ҳавопаймоҳо ва хадамоти ширкатҳои ҳавонавардӣ нигаронкунанда аст. Муаллифон инчунин аз набуди рақобат дар бозоре, ки танҳо ширкати “Тоҷик Эйр” онро дар даст дорад, изҳори нигаронӣ кардаанд.
XS
SM
MD
LG